(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ифтитоҳи корхонаи “Ресандаи Тоҷикистон” дар шаҳри ХуҷандДар шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи ресандагӣ ва бофандагии “Ресандаи Тоҷикистон” - и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуд.
Арзиши корҳои барқарорсози корхона 2 миллион сомонӣ буда, коркарди солонаи он 4,5 ҳазор тонна нахи пахта мебошад.
Корҳои навсозии корхона бо дастгирии ширкати олмонии БИМЭКО сурат гирифта, дар як сол дар ин ҷо ба маблағи 35 миллион сомонӣ риштаи пахтагин истеҳсол карда мешавад.
Дар навбати аввал 350 нафар занҳои хонашин бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ифтитоҳи корхона намоишгоҳи маҳсулоти саноатиро тамошо кард. Баъди ифтитоҳи корхона зимни боздид аз он бо шароити кор аз наздик шинос шуд ва бо коргарону мутахассисон, ки аксарияташонро занон ташкил медиҳанд, суҳбати самимӣ доир кард. Тавре маълум шуд, роҳбарии корхонаро соҳибкорзан Равзанабону Неъматуллоева ба уҳда дорад ва коргоҳи ресандагиро аз ширкати «Сомон Суғд» ба муҳлати дароз ба иҷора гирифтааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ғайрату иродаи қавии ин зани тоҷик аҳсан хонда, ба онҳо дар пешбурди кори роҳбарӣ ва истеҳсоли маҳсулоти бозоргир барору комёбӣ орзу намуд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ин зани ботаҷриба на танҳо корхонаи куҳнаро барқарор кард, балки як қисми иқтидори корхонаро эҳё карда, маҳсулоти ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро истеҳсол карда истодааст.
Равзанабону Неъматуллоева ба Президенти мамлакат ваъда дод, ки дар сурати пешравии корҳо оянда бо барқарор кардани навбати дуюми коргоҳ то соли 2016 боз барои 400 нафар занони хонашин ҷойи кори доимӣ таъсис медиҳад.
Занону бонувони хонашин, ки дар ин корхона бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ба пешвои миллат барои ғамхории ҳамаҷониба изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз таъсиси корхонаҳои саноатӣ агар аз як ҷониб афзоиши истеҳсоли маҳсулоти гуногуни ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад, аввалтар аз ҳама таъмини сокинон бо кор ва маоши хуб аст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба коргарон дар бораи дастгирии ҳукумат аз соҳибкории хурду миёна ва маблағгузории он ёдовар шуда, изҳор дошт, ки барои пешрафти кори соҳибкорони ватанӣ тамоми имтиёз ва шароитҳо муҳайё гардидааст ва минбаъжд низ онҳо ба таври васеъ дастгирӣ меёбанд.

АМИТ «Ховар»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...