10 Октябр 2015
Ҳамчунин ин амал барои фароҳам овардани имконияти дастрасӣ ба маводи хӯрока бо нархҳои дастрас ва захира намудани маводи ғизо дар мавсими зимистон бо маҳсулоти ниёзи аввала мусоидат менамояд.
Имрӯз низ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» деҳқонону кишварзони вилоят маҳсулоти худро ба сокинони шаҳр пешниҳод намуданд. Шаҳрвандони маркази вилоят имкон доштанд чанд намуди маҳсулоти мевагию полезиро аз қабили картошкаю сабзӣ, пиёзу себу ангурро бо нархҳои нисбатан арзон ба ҳаҷми 15фоиз ва гӯшту равған ва биринҷро бошад бо нархҳои то 20 фоиз арзон нисбат ба бозорҳои шаҳр харидорӣ намоянд. Ҳамчунин ба харидорони намоиш-фурӯш ғалладонигию тухм низ пешкаш карда шуд, ки ба миқдору ҳаҷми кифоя ба фурӯш гузошта шуд.