16 Июл 2015
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли чанде аз шахсони ниёзманд ва бемор бохабар шуда, онҳоро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик намуд.
Омӯзгори собиқадор Маъсуда Очилова давоми чанд сол аст, ки аз беморӣ ранҷ мебарад ва дар парастории хоҳарону наздиконаш аст. Рӯзи гузашта ҳангоми аёдати Раиси шаҳри Хуҷанд ва меҳмонии ӯ дар манзили муаллима Маъсуда Очилова пайвандонащ аз Раҷаббой Аҳмадзода хохиш намуданд барои харидории телевизор кӯмак расонад. Нимаи аввали имрӯз масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд як телевизорро ба манзили омӯзгори собиқадор дастрас намуда, хоҳиши пайвандони ин шахси беморро иҷро намуданд. Номбурда барои доимӣ ва таваҷҷӯҳи пайваста ба ҳукумату давлат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сипосмандии самими худро баён намуд.