(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Иҷлосияи дуюми вакилони халқи шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи дуюм даъвати панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Кори иҷлосияро Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ бахшид.
Дар оғоз бинобар ба нафақа рафтани Прокурори шаҳри Хуҷанд Шарифзода Қурбон Тӯйхон, Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ба номбурда барои фаъолияти пурсамар ва пурмаҳсул сипосмандӣ намуда изҳори умедворӣ намуд, ки таҷрибаи корӣ ва фаъолияти минбаъдаи худро барои омӯзиши кадрҳои ҷавон сарф хоҳад намуд.
Дар кори иҷлосия аз 40 нафар намояндагони мардум 38 нафар иштирок доштанд, ки онҳо ҳайати котиботро интихоб намуда, рӯзномаи ҷаласаро тасдиқ намуданд. Ба рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои «Дар бораи рафти иҷрои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар шаҳри Хуҷанд», “Дар бораи рафти иҷрои татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2015, №261 «Дар бораи сари ваыт омода намудани соҳаҳои иытисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015 – 2016» дар шаҳри Хуҷанд”, “Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Хебитат, № 40 Набиҷон Иброҳимзода оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ”, “Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ”, “Дар бораи тасдиқ намудани нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд”, “Тасдиқ намудани қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд” гузошта шуда буд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома дар бораи рафти иҷрои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар шаҳри Хуҷанд Муродӣ Умедахон Бурҳонзода  – муовини Раиси шаҳри Хуҷанд маърӯза намуд.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Муқим Солиев, Назокат Ёрматова, Муяссар Раҳимова ба музокираи масъалаи мазкур баромада андешаҳои худро доиири масъала баён намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бобати беҳтар намудани корҳои тарғиботӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин таъкид намуд,ки вакилон нисбати оилаҳои ноустувор назоратро беҳтар намуда, бо аъзоёни ин оилаҳо дар робитаи доимӣ бошанд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома дар бораи рафти иҷрои татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2015, №261 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015 – 2016» дар шаҳри Хуҷанд муовини аввали Раиси шаҳр Мирзомуқим Очилзода маърӯза намуд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Сирандуд, № 39 Фурқат Мансуров оид ба масъалаи мазкур маърӯзаи иловагӣ намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода доири таъмини саривақтии сӯзишвории бо сифат дар муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, таъмири боми тамоми биноҳои истиқоматии баландошёна, оинабандӣ намудани биноҳои ташкилоту муассисаҳои давлатии иҷтимоӣ дастуру супориш дод.
Аз рӯи масъала сеюми рӯзнома вакилон ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии Хебитат, № 40 Набиҷон Иброҳимзодаро дар бораи иҷрои ваколатҳои вакилиаш шунида, ба маълумот гирифтанд.
Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзномаи иҷлосия Кибриё Ҷӯраева мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, котиби комиссияи номгузорӣ пешниҳодҳои комиссияи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофиро ба самъи вакилон расонд.
Ба ҳозирон доири номгузорӣ намудани номи яке аз кӯчаи маҳаллаи Чашмаи Арзана-3 ба номи Холматов Абдусаттор тасдиқ карда, минбаъд номи яке аз кӯчаи маҳаллаи Чашмаи Арзана ба номи Холматов Абдусаттор, дар маҳаллаи Сирдарё, кӯчаи Фурқат  гузоштани лавҳаи ёдгории ӯрунов Турсун, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31 гузоштани номи Солиев Алиҷон, номгузорӣ намудани номи яке аз кӯчаи маҳаллаи Чашмаи Арзана-3 ба номи Нурматов Аҳмадҷон, дар ҳудуди Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд гузоштани нимпайкараи Юсупов Абдураззоқ лоиҳаи қарор манзур гардид.
Аз ҷониби вакилон пешниҳодҳои комиссияи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ маъқул дониста шуда, бо овоздиҳӣ ҷонибдорӣ гардид.
Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома дар бораи тасдиқ намудани нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд Маъруф Мамадҷонов муовини Раиси шаҳр баромад намуд.
Номбурда иттилоъ дод,ки ба Шӯрои шаҳрсозӣ ва меъморӣ 18 лоиҳаи сохтмони биною иншоот пешниҳод гардид,ки аз 14 лоиҳа қобили баррасӣ дониста шуд. Баъди пешниҳоди чанде аз ин лоиҳаҳо Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод, ки дар тамоми лоиҳаҳои пешниҳодшаванда бояд   унсурҳои миллӣ ҷой дода шуда, иқтидори қувваи барқ, таъмини обу ташноб дар маҳалли сохтмон ба эътибор гирифта шавад. Ҳамчунин Маъруф Мамадҷонов зикр намуд,ки тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тамоми лоиҳаи баррасишаванда танҳо баъди мавҷудияти майдончаҳои варзишӣ ва таваққуфгоҳи нақлиёт дар таҳхонаи биноҳои  сохташаванда аз ҷониби Шӯро барои муҳокима қабул карда мешаванд. Дар ҳамин замина Раиси шаҳр илова намуд, ки ҳар як лоиҳа бояд сохтмони  воситаҳои гармидиҳии мустакилро дар ҳар як бинои истиқоматӣ пешбинӣ намояд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Хубҷам, № 33 Мӯхсин Исобоев оид ба масъалаи мазкур маърӯзаи иловагӣ  намуд ва аз ҷониби вакилон дар ин бора қарор қабул гардид.
Масъалаҳои дигари рӯзнома низ муҳокима карда шуда, вакилон қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Дар кори иҷлосия  Ғаффорӣ Назира Абдуллозода – муовини Раиси вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуд.
Номбурда дар баромади худ  қайд кард,ки вакилони мардумии шаҳри бостонии Хуҷанд баҳри пешрафти давлати соҳибихтиёри худ, волоияти қонун, суботи сиёсиву иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди босуръати ҷомеаи шаҳрвандӣ, тараққиёти илму маориф, вусъати корҳои ободониву созандагии сарзамини муқаддасамон равона хоҳанд кард.
Дар интиҳои кори иҷлосия Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор намуд,ки , барои дар амал тадбиқ сохтани дастуру супоришҳои Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодириро кулли мардуми шарафманди маркази вилоят асоси фаъолияти худ қарор хоҳанд дод.
Бо ҳамин иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум кори худро ба анҷом расонд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...