(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шаҳрофарӣ мӯъҷизаи дастони ҳунармандонҲусну зебоии ҳар мавзеъ ва шаҳру диёр аз маҳорату истеъдоди меъморону лоиҳакашон, қобилияту эҷодкории сохтмончиён маншаъ мегирад. Он шаҳр ё вилоят ба шарофати тахайюли зебоофарии ҳунармандони соҳаи бинокорӣ шуҳрат пайдо менамояду вирди забони мардум мегардад. Ҳаминро ба эътибор гирифта, ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи август дар миқёси ҷумҳурӣ Иди касбии сохтмончиён таҷлил мегардад. Мӯъҷизаи дастони бинокорони гулдаст аст, ки шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҳам сол аз сол ба худ қабои тозаву нав ба бар карда, диққати сайёҳони ватаниву хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Дар тамоми гӯшаю канори шаҳр бунёди иншооти маъмуриву маишӣ ва истиқоматӣ ба чашм мерасад. Он бо ғайрату ҳиммат ва талошу пайгириҳои кормандони соҳаи сохтмони мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони ватандӯсту боматонат роҳандозӣ гардида, шаҳрамон торафт ободу зебо мешавад. Сайёҳе, ки то давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд меҳмон гашта буд, аз нав ба ин макони биҳиштосо ояд, бовариаш намеояд, ки ӯ дар «Тирози ҷаҳон» аст. Зеро баробари биноҳои замони Иттиҳоди Шӯравӣ: Муҷассамаи ёдгорӣ ба шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, варзишгоҳи «Спартак», Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва биноҳои Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд чандин иншооти дигар қомат афрохтаанд, ки чашм мерабоянд. Тамоми кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ба худ ҳусну тарҳи нав гирифтаву ба як макони дилорову сарсабз табдил ёфтаанд.
Бинокорони мо тамоми фасли сол ба гармою сармо нигоҳ накарда, баҳри бунёди иншоотҳои муҳими фароғативу фарҳангӣ, истиқомативу иҷтимоӣ машғул ҳастанд. Агар ба тарҳу услуби меъмориаш назар намоем, яке аз дигаре боҳашамату аз ҷиҳати сохт фарқкунанда аст. Равияи ҷаҳонишавии имрӯза ба бунёди иншооти замонавӣ мусоидат намуда, шароит фароҳам меорад, ки ҳар иморати сохташаванда аз ҳам фарқ намояд. Бинокорон дар сохту тарҳи иншоотҳо аз санъати анъанаҳои миллӣ ва ҳам аз услубҳои аврупоиву осиёӣ истифода баранд.
-Айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд 140 ширкати сохтмонӣ фаъолият дошта, дар он 1391 нафар корманд фаъолият мекунад. Аз ин шумор 736 нафар фаъолияти мунтазам дошта, 655 нафар коргари мавсимӣ мебошад. Имрӯз дар миқёси шаҳр бунёди 104 иншоот идома дорад, ки ин  сохтмони мактаб барои 1298 хонанда дар маҳаллаи 8-ум, комплекси хизматрасонӣ дар маҳаллаи 19-ум,  сехи истеҳсолӣ барои буридан ва коркарди санги табиӣ дар маҳаллаи 27-ум, Маркази зообойторӣ дар маҳаллаи 28-ум, Базаи истеҳсолии маводи сохтмонӣ дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр, якчанд биноҳои 12, 9, 7-ошёна дар гӯшаҳои мухталифи шаҳр қомат рост мекунанд, - мегӯяд муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Аюбҷон Раҳматзода. Ва суханашро идома дода, афзуд, ки пудратчиёни асосии ин иншоотҳои сохташаванда ҶДММ «ИС-5», ҶДММ «Абдурашид», ҶДММ «Бинокор-Бунёдкор», ҶДММ «Фламинго», ҶДММ «Бунёд-1», ҶДММ «Шаҳрсохтмон», ҶДММ «Каскад Хуҷанд» мебошанд. Сохтмончиён мекӯшанд, ки биноҳои бунёдкардаи онҳо бо сифату тарҳи зебои худ мувофиқ ба талаботи замон бошад. Давоми 26 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати меҳнати босамари сохтмончиён шаҳри қадимаи Хуҷанд аз нав ҷавон гардид ва симои нав ба худ касб кард. Барои мунаққаш гаштани симои Хуҷанди бостонӣ саҳми Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд, ҶСК «Сохтмончӣ-1», ҶСП «Сомон Суғд», ҶДММ «Евростройсервиз», ҶДММ «Ширкати сохтмонии Хуҷандсоз»,ҶДММ «Шаҳрсохтмон» ва амсоли инҳо калон аст.
Ҳамаи бунёдкориву созандагиҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ ҷараён  гирифта, давра ба давра рӯи кор омад. Ба истиқболи 10-солагии истиқлолият дар соҳили рости дарёи Сир Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд. Дар назди пули ҷашнии 2500-солагии Хуҷанд фаввораи зебо сохта шуд. Меҳмонхонаи «Эҳсон», тарабхонаи «Суғдиён», «Маркази шуғли аҳолӣ» қомат афрӯхтанд. Соли 2006-ум ба муносибати 15-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев Нишони давлатии Тоҷикистон, бинои нави Бонки «Эсхата», Майдони «Регистон» дар шафати Масҷиди Шайх Маслиҳатдин, гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Шарқ, Осорхонаи таърихӣ- кишвар-шиносии вилоят, шуъбаи дуюми диспансери касалиҳои ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ дар Беморхонаи вилоятӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Бинокорон ҷашни 20-солагии соҳибистиқлолиро бо бунёди иншооти муҳими таърихӣ Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо фаввораҳои замонавӣ, Ҳавзи шиноварӣ, бинои нави боҳашамат барои кормандони соҳаи воситаҳои ахбори умум - КВД «Кохи матбуот», бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Маҷмааи фароғатӣ дар маҳаллаи 34-ум истиқбол гирифтанд.
Солҳои минбаъда низ биноҳои нави Раёсати суғдии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қисми ҳарбии 3501, азнавсозии Лавҳаи Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, боғчаи бачагона дар микроноҳияи сеюм, Кӯдакистони президентӣ ва чандин иншооти дигар сохта, ба истифода дода шуданд.
Шаҳрофарӣ мӯъҷизаи дастони ҳунармандон

Ба ифтихори 25-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвар дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, пешорӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров  Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» бунёд шуд, ки он бо шаҳомату тарзи меъмории худ диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад.
Дар самти хештаншиносӣ ва эҳёи таъриху фарҳанги миллати тоҷик низ сохтмончиён баробари ҳайкалтарошону меъморон корҳои назаррасро анҷом доданд. Ҳайкалҳои бузургони миллат Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, ходимони давлатию сиёсӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр побарҷост. Баробари ба истифода дода шудани Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» ва бунёди Хонаи рамзии Камоли Хуҷандӣ он ба як мавзеи ободу дилкаш табдил ёфта, диққати на танҳо сокинони кишвар, балки сайёҳонро низ ба худ кашидааст.
Давоми 26 соли соҳибихтиёрӣ шаҳри Хуҷанд доман паҳн карда, биноҳои истиқоматии шаҳрвандон то домони кӯҳи Мевағул расид. Баробари манзилҳои намунавии тарҳи замонавӣ муассисаҳои зиёди таълимию боғчаҳои бачагона, Марказҳои савдою хизматрасонӣ бунёд гардида, симои шаҳрро боз ҳам дигаргун сохт.
Дар остонаи Иди касбии сохтмончиён ба забон гирифтани номи собиқадорони соҳа Акобир Умаров, Юсуф Қурбонов, Мирзоҳамдам Баҳодуров, Тамара Яҳёева, Солиҷон Муҳаммадов, Олимҷон Ҳасанов, Муборак Неъматова, Тоҳир ӯрунов, Мӯъминҷон Орифов, Муҳаррама Очилова, Тоҷибой Абдуллоев айни матлаб буда, Хуҷанди бостон бо заҳмати шабонарӯзии ин диловарони арсаи меҳнат дилписанду макони сайру саёҳат гаштааст.
Имрӯзҳо ба кадом кунҷу канори шаҳр назар намоем, бинокорони гулдаст машғули кор ҳастанд ва кӯшиш доранд, ки ба ободию шукуфоии кишвари маҳбуб саҳм гузоранд. Бигзор ғайрату ҳиммат ҳамқадами бинокорон бошад ва созандагию бунёдкорӣ шиори доимии онҳо гардад. Тансиҳату хонаобод бошед, ҳуснофарони шаҳри бостонии Хуҷанд.

Монаднисои ҚУРБОН,
«Тирози ҷаҳон»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳр Ғайбуллозода Хайрулло бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ш...
Ҳошимзода Раъно Ҳошимзода Раъно Муовини Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно аз 6 феврали соли 2017 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Ҳошимзода Раъно 29 октябри сол...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр.Ҳомидзода Абдуваҳоб Абдумаҷид 8 июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳр.Раҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7 августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ.Соли 1997  ...

Роҳбарони сохторҳо

Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25 феврали соли 1981 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2004 Донишг...
Каримов М.М. Каримов М.М. Каримов Мирзоқосим Мирзокаримович 17 сентябри соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Но...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20 майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи давлат...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишгоҳи да...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. ИСМАТҶОНОВ БАХТИЁР ҲУСЕЙНОВИЧ 31 майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба н...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10 ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳи да...
Исоев А. А. Исоев А. А. Исоев Абдумубин Аскарович, 4 январи соли 1966 шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1987 Институти политехникии Тоҷикистон ва ...
Султонов И.И. Султонов И.И. Султонов Илҳом Иномович 9 сентябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик буда маълумоташ олӣ аст. Соли 2000 Донишгоҳи ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода. 9 майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиё...
Расулзода Р.Р. Расулзода Р.Р. Расулзода Раҳим Расул 20 июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии...
Абдуллоев М. Б. Абдуллоев М. Б. Абдуллоев Муҳидинхон Баҳоваддинович. 20 сентябри соли 1966 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик,  маълумоташ олӣ. Соли 200...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15 июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Институти полит...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1 августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишгоҳи политехни...
Қаландаров И. Ш. Қаландаров И. Ш. Қаландаров Иброҳим Шарифҷонович 8 ноябри соли 1963 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1988 Институт...
Ёрматов А. Р. Ёрматов А. Р. Ёрматов Абдухалил Рустамович 3 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1998 Филиали донишг...
Бойматов Ф. М. Бойматов Ф. М. Бойматов Фирдавс Мақсудович 26 январи соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, оли 2005 Донишгоҳи давлатии...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29 декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали хуҷа...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳматовна 14 сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Институти давлат...
Бобоҷонов А.А. Бобоҷонов А.А. Бобоҷонов Абдусалом Абдурасулович 27 декабри соли 1966 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз531
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта757
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2977
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5793
mod_vvisit_counterҲамин моҳ22563
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта25702
mod_vvisit_counterҲамагӣ908333