Муовинони Раиси шаҳр

(7 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҳошимзода РаъноМуовини Раиси шаҳр
Ҳошимзода Раъно аз 6 феврали соли 2017 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд кор мекунад.
Ҳошимзода Раъно 29 октябри соли 1969 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. Вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд мебошад.
Солҳои 1991-1992 муаллими кафедраи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд, солҳои 1992-1993 муаллими кафедраи фанҳои умумииқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров шаҳри Хуҷанд. Солҳои 1993-1997 муаллими кафедраи молия ва баҳисобгирии Донишгоҳи  давлатии  Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров шаҳри Хуҷанд ва солҳои 1997-2000 сармуаллими кафедраи муҳосибот ва омори факултети молия ва иқтисоди бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров шаҳри Хуҷанд, солҳои 2000-2002 муовини декан оид ба корҳои тарбияви факултети молия ва иқтисоди бозори Донишгоҳи  давлатии  Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров шаҳри Хуҷанд, солҳои 2002-2004 муовини декан оид ба корҳои таълими факултети молия ва иқтисоди бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров шаҳри Хуҷанд, солҳои 2004-2007 муовини декан оид ба корҳои тарбияви факултети молия ва иқтисоди бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров шаҳри Хуҷанд. Солҳои 2007-2012 Муовини декан оид шуъбаи ғоибонаи факултети молия ва иқтисоди бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров шаҳри Хуҷанд, солҳои 2012-2014 муовини декан оид корҳои таълими факултети молия ва иқтисоди бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров шаҳри Хуҷанд, солҳои 2014-2015 Муовини декан оид ба корҳои тарбияви факултети молия ва иқтисоди бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров шаҳри Хуҷанд, солҳои 2015-2017 Декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд.
Оиладор соҳиби 4 фарзанд.

(21 овоз, миёна 3.95 аз 5)

Ғайбуллозода ХайруллоМуовини аввали Раиси шаҳр
Ғайбуллозода Хайрулло
бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин шуд.
Ғайбуллозода Хайрулло соли 1970 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1987 баъди хатми мактаби миёна ба Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1996 бо ихтисоси «муҳандис- технологи матоъ ва кешбофӣ» хатм кардааст.
Солҳои 1998-2002 бошад, дар факултаи ҳукқуқшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳсил карда, соҳиби дипломи ҳуқуқшиносӣ шудааст. Вай ҳамчунин дастпарвари Академияи хизматчии давлатии Федератсияи Русия ва аспиранти ДДҲБСТ низ мебошад.
Ғайбуллозода Хайрулло фаъолияти меҳнатиашро соли 1987 дар комбинати абрешими Ленинобод ба сифати ёрдамчии усто оғоз намуда, соли 1993 тариқи гузариш ба КМ «Ҷавонӣ» ба кор мегузарад. Дар ин муассиса аз коргари оддӣ то ба дараҷаи директори генералии коргоҳ фаъолият бурдааст.
Аз соли 2009 ба сифати муовини директори ҶДММ «Текстил-Сити» фаъолият бурда, минбаъд  аз соли 2010 то соли 2015 сарварии КВД «Садаф»-ро ба ӯҳда дошт. Аз моҳи январи соли 2015 то таъин шуданаш ба вазифаи муовини якуми Раиси шаҳр, муовини сардори ширкати молиявӣ- қарздиҳии хурди «Хубҷамъ» буд. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

(11 овоз, миёна 3.73 аз 5)

Солизода Раҳим РашидӣМуовини Раиси шаҳр 
Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳр таҳти №282 аз 2-июни соли 2016 муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Солизода Раҳим Рашидӣ 8 августи соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна соли 1984 ба Донишкадаи давлатии полиграфии шаҳри Львои Ҷумҳурии Украина дохил мешавад. Онро соли 1991 бо ихтисоси муҳандиси технологияи саноати полиграфӣ ба итмом расонида, фаъолияти меҳнатиашро соли 1991 ба ҳайси устои калони матбааи аввалини шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст.
Аз соли 1993 то соли 1997 вай фаъолияти худро дар соҳаи гумрук идома додаст. Солҳои 1997-2000-ум ваколатдори  фаврии махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара буд. Соли 2003 ӯ ҷамъияти саҳҳомии «Китоб»-ро дар ноҳияи Б. Ғафуров таъсис дода, онро то соли 2008 сарварӣ намудааст.
Аз соли 2008 то таъин шуданаш ба вазифаи муовини Раиси шаҳр мудири шӯъбаи энергетика ва саноати МИҲД шаҳри Хуҷандро ба ӯҳда дошт. Вай дорои рутбаи тахасусии мушовири хизмати давлатии дараҷаи 1-ум мебошад. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.

(16 овоз, миёна 3.56 аз 5)

Бобозода Т. К.

Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд
Бобозода Толиб Карим санаи 1 августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст.
Соҳиби маълумоти олӣ буда, соли 1994 Донишгоҳи политехникии шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси  муҳандиси мошинаҳои дӯзандагӣ хатм намудааст.
Бобозода Толиб фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 аз шогирди устои шӯъбаи асосии механикии фабрикаи дӯзандагии ба номи Н.К.Крупская оғоз намудааст. Солҳои 1986-1988 дар сафи Қӯшунҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат намудааст. Пас аз хизмат фаъолияти меҳнатиашро дар ҳамон фабрикаи дӯзандагии ба номи Н.К.Крупская давом дода, соли 1989 ба вазифаи ҷонишини озоди кумитаи комсомолии фабрикаи дӯзандагӣ тайин гардид. Баъдан фаъолияти меҳнатиашро дар корхонаи кооперативии “Бинокор” давом дод. Соли 1991 бо даъвати роҳбарияти фабрикаи дӯзандагӣ тариқи гузариш ба ҳайси муҳандис фаъолият бурд. Аз соли 1994 то 2000 дар Хадамоти Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал дар вазифаи нозирӣ, баъдан чун нозири калон адои вазифа намудааст.
Аз соли 2000-2002 дар ширкати “Кабир” ба ҳайси мудири мағоза фаъолият бурд. Номбурда аз соли 2002 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба вазифаи мудири шӯъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Дар солҳои минбаъда Бобозода Толиб инчунин дар вазифаҳои мудири Бахши назорат, сардори Раёсати ташкилӣ, кор бо кадрҳо ва назорати дастгоҳи Раиси шаҳр иҷрои вазифа намудааст. Аз соли 2009 дар вазифаи мудири Шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон фаъолият бурдааст. Бобозода Толиб дорои рутбаи тахассуси мушовири хизмати давлатии дараҷаи 2 аст. Тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 18 майи соли 2016 Роҳбари  дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд  тайин гардид.
Оиладор соҳиби чаҳор фарзанд аст.


(25 овоз, миёна 3.08 аз 5)

Муҳаммадҷонзода Маъруф ТӯхтабойМуовини раиси шаҳр.

Муҳаммадҷонзода Маъруф Тӯхтабой. 29 июли соли 1962 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Соли 1984 Институти политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо бо ихтисоси муҳандис - сохтмончӣ хатм намудааст.
Солҳои 1985 – 1986 дар вазифаи муҳандиси шуъбаи техникии трести «Сельстрой-2»-и ноҳияи Б.Ғафуров кор карда, солҳои 1986 – 1990- фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун муҳандиси шӯъбаи истеҳсолӣ-техникӣ, устои КСМ-44-и трести «Сельстрой-2»-и ноҳияи Б.Ғафуров идома додаст. Солҳои 1990 – 1997 коргари КСМ-119-и трести сохтмонии шаҳри Хуҷанд буда, солҳои 1997 – 2003 ба вазифаи сармуҳандиси КСМ-119 ҶСК «Суғдсохтмон»-и шаҳри Хуҷанд таъин гардид. Солҳои 2003 – 2005- Ҷонишин Раиси кулли ҶСК «Суғдсохтмон»-и шаҳри Хуҷандро ба зима дошт.
Сипас солҳои 2005 – 2011 директори ҶСК «Каллонаи сайёри механиконидашудаи-119»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 2011 – 2014- бошад дар вазифаи муовини Раиси ноҳияи Б.Ғафуров фаъолият намудааст.
Солҳои 2014 – 2015 мудири шуъбаи меъмори ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буд.
Аз санаи 19 январи соли 2015 ба вазифаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Оиладор аст.

Муовинони Раиси шаҳр

Муҳаммадҷонзода М.Т. Муҳаммадҷонзода М.Т. Муовини раиси шаҳр.Муҳаммадҷонзода Маъруф Тӯхтабой. 29 июли соли 1962 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.Соли 1984 Институти ...
Бобозода Т.К. Бобозода Т.К. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри ХуҷандБобозода Толиб Карим санаи 1 августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст.Соҳиби маълумоти олӣ буд...
Солизода Р.Р. Солизода Р.Р. Муовини Раиси шаҳр Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳр таҳти №282 аз 2-июни соли 2016 муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.Солизод...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳр Ғайбуллозода Хайрулло бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ш...
Ҳошимзода Раъно Ҳошимзода Раъно Муовини Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно аз 6 феврали соли 2017 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Ҳошимзода Раъно 29 октябри сол...

Роҳбарони сохторҳо

Дадобоева М. О. Дадобоева М. О. Дадобоева Муҳаёхон Обидшеховна 25 феврали соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Институт...
Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25 феврали соли 1981 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2004 Донишг...
Каримов М.М. Каримов М.М. Каримов Мирзоқосим Мирзокаримович 17 сентябри соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Но...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20 майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи давлат...
Дадоҷонов Ғ. Дадоҷонов Ғ. Дадоҷонов Ғафурҷон 11 июли соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1977 Донишгоҳи хоҷагии қишло...
Қосимов Б.И. Қосимов Б.И. Қосимов Бахтиёр Иброҳимович 23 январи соли 1967 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1992 Институти да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишгоҳи да...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. ИСМАТҶОНОВ БАХТИЁР ҲУСЕЙНОВИЧ 31 майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба н...
Дадобоев М.М. Дадобоев М.М. Дадобоев Маҳмудҷон Мамадҷонович 27 ноябри соли  1968 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи коргар таваллуд шудааст.Миллаташ тоҷик. Соли 1989 баъд аз ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10 ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳи да...
Саидова М. У. Саидова М. У. Саидова Марҳабо Усмоновна 7 октябри соли 1963 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1988 Донишкадаи текстили- технологии б...
Исоев А. А. Исоев А. А. Исоев Абдумубин Аскарович, 4 январи соли 1966 шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1987 Институти политехникии Тоҷикистон ва ...
Султонов И.И. Султонов И.И. Султонов Илҳом Иномович 9 сентябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик буда маълумоташ олӣ аст. Соли 2000 Донишгоҳи ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода. 9 майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиё...
Бойматов Р. Р. Бойматов Р. Р. Бойматов Раҳимҷон Расулович. 20 июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ.Соли 2000 Донишгоҳи давлатии...
Абдуллоев М. Б. Абдуллоев М. Б. Абдуллоев Муҳидинхон Баҳоваддинович. 20 сентябри соли 1966 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик,  маълумоташ олӣ. Соли 2002 Дон...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15 июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Институти политехникии Тоҷикистонро   бо...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз141
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта539
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2901
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3911
mod_vvisit_counterҲамин моҳ14769
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16050
mod_vvisit_counterҲамагӣ767441