(2 овоз, миёна 1.50 аз 5)

Дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 6 адад муассисаҳои иҷтимоӣ бо 461 нафар бошандагони доимӣ ва муваққатӣ фаъолият доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ 161 нафар шаҳрвандон, ки ба хизмати хонагӣ ниёз доранд, хизмат расонида шуда, аз ҷониби хизматгузорони соҳавӣ ба ҳар яки онҳо дар як ҳафта ду маротиба хизмат расонида мешавад.

Дар ин давра оид ба таъмини эҳтиёҷмандон бо воситаи техникии тавонбахшӣ ва таъмини онҳо бо аробачаи маъюбӣ 24 нафар муроҷиат намуда, аз онҳо 22 нафарашон бо аробача таъмин карда шуданд.

Барои ҳифзи иҷтимоии эҳтиёҷмандон аз буҷети маҳаллӣ  1852,2 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, самаранок истифода бурда шудааст.

Шумораи маъюбоне, ки дар қайди расмӣ истодаанд, дар ин давра 5012 нафар, аз ҷумла 2150 нафар мардҳо ва 2862 нафар занонро ташкил медиҳад. Шумораи кӯдакони маъюби то 18-сола бошад, 546 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 331 нафар писар ва 215 нафар духтар мебошанд.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли сипаригашта миқдори маъюбони ба қайд гирифташуда 219 нафар кам шудаанд.

Дар шаҳр  3534 нафар оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шуда, он нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 264 оила кам шудааст.

Вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи иҷтимоӣ “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” қабул гардидааст, ки тамоми фаъолияти соҳа дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим амалӣ гардида истодааст.

Дар робита ҷиҳати баланд намудани сатҳи иҷтимоӣ, дастгирии оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбон, ятимони кулл, тарбиятгирандагони хона интернатҳо ва дигар ниёзмандон дар арафаи иду айёмҳои бахшида ба таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модарон, Иди Наврӯз, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи Ваҳтади миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами давлатӣ, Иди Рамазон, Иди Қурбон, Рӯзи маъюбон ҳамагӣ 8900 оилаҳо аёдат карда шуданд.