(1 голос, среднее 4.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар самти рушди соҳаи алоқа корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар натиҷа, ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ ба андозаи 2,2млн. сомонӣ хизмат расонида шудааст, ки ин нишондиҳада дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2016 ба 264,5 ҳазор сомонӣ, ё 13,5 фоиз зиёд шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 36 км. хатҳои ҳавоӣ, 112 км. ноқилҳо, 58 км. сим, 15 дона қуттиҳои тақсимотӣ таъмир карда шуда, 18 км. ноқил, 18 км. сим иваз карда шуда, 48 км. симҳо ҷо ба ҷо карда шуда, 37 дона симчӯб мустаҳкам карда шуданд.

Шаҳри Хуҷанд ба фарогирии барномаҳои телевизионҳои ҷумҳуриявӣ: “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, “Варзиш” “Синамо” ва “Шаҳнавоз” бо пахши рақамӣ ва телевизиони вилояти Суғд пурра таъмин аст.

Дар шаҳр ширкатҳои телевизион ва радиои мустақил–“СМ-1”, “Азия”, “Ҷаҳоноро”, “Диёр”, “Танин”, “Салом”, “7-ситора”, телевизионҳои ноқилии “Ант”, “Сомониён”, “Мавҷи ориёно”  ва радиоҳои “Пайванд”, “Садои Хуҷанд”, “Радио-Тироз”, “Тирози ҷавонӣ”, “Шаҳри ман”, “Лав радио” ва “Салом” фаъолият дошта, инчунин рӯзномаи “Тирози ҷаҳон”, ки нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мебошад, фаъолият дорад.

Шумораи нуытаьои радио шунавоц 586 ададро ташкил мекунад ва дар ьудуди шаьр дар нуытаьои бисёр жамъшавии аьолц боз 70 адад баландг=якьо низ истифода бурда мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади  ворид намудани унсурҳои «Ҳукумати электронӣ», сомонаи расмии худро бо суроғаи www.khujand.tj моҳи апрели соли 2008 омода намуда,  дар шабақаи  Интернет ҷойгир намуд ва то ба имрӯз самаранок фаъолият дорад.

Ҳамзамон бо мақсади татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз моҳи сентябри соли 2009 сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолияти мукаммали худро ба роҳ монда, дар бинои мақомот шабакаи ягонаи беноқили пайвасткунандаи ҳамаи компютерҳо гузаронида шуда, барои  таъмини фаъолияти ҳамарӯза бо ташкилоти ҷамъиятии Маркази технологияҳои иттилоотии «Кова» шартномаи хизматрасонӣ ба имзо расонида шуда, ҳамасола аз буҷети маҳаллӣ ба ҳисоби миёна 85 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Ҳоло 42 сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд.