(2 голоса, среднее 3.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар шароити ташаккулёбии иқтисоди бозоргонӣ ва дар натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули ҳамаи соҳаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ ҳамарӯза беҳтар кардани раванди иҷроиши буҷет ва ислоҳоти андоз тақвият меёбад, ки он ба ислоҳоти идоракунии молиявии давлат, шаффофият, самаранокӣ ва иҷрои қатъии қисми даромади буҷет равона мешавад. Татбиқи амалии ин ҳадаф собит менамояд, ки дар давоми соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 102,0 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 342,5 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқ гардида (335,8 млн. сомонӣ) 6,7 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 32,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ба буҷети маҳаллии шаҳр ба ҷои 134,5 млн. сомонии пешбинигардида 136,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нақша 2,2 млн. сомонӣ ё 1,6 фоиз зиёд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 16,1 млн. сомонӣ афзудааст.

Бояд қайд намуд, ки доир ба масъалаҳои мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бо тағйироташ дар ин давра 152,1 млн. сомонӣ буда, иҷроиш 146,0 млн. сомониро ташкил намудааст, ки баробари 96,0 фоизи нақша мебошад. Хароҷоти воқеии буҷети шаҳр дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 29,7 млн. сомонӣ, ё 25,5 дар сад зиёд шудааст.

Бандҳои ҳимояшавандаи қисми хароҷоти буҷети шаҳр яке аз омилҳои асосии таъмини босифати буҷет ба ҳисоб рафта, қарзи пардохтнашудаи ин моддаи қисми хароҷот вуҷуд надорад.

Аз нақшаи 11 намуди андозҳо 10 намуд пурраю барзиёд таъмин гардида, 1 намуд (андоз аз даромад) таъмин нагардид, ки дар натиҷа ба буҷет  8,6 млн. сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Бояд тазаккур дод, ки нақшаҳои буҷети умумӣ ва маҳаллии шаҳр пурраю барзиёд таъмин гардида бошад ҳам, дар ҳолати  1 декабри соли 2017 ба маблағи 23,2 млн. сомонӣ бақияи қарзи андоз ҷой дошта, он нисбат ба аввали сол 2,2 млн. сомонӣ, ё 8,7 фоиз кам шудааст.

Аз қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ музди меҳнати корхонаву муассисаҳои буҷетӣ сари вақт пардохт гардида, қарздории фонди музди меҳнат ва қафомонии пардохти он ба назар  намерасад.