(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

Ҷиҳати рушди ин соҳа дар шаҳр аз ҷониби 10 муассисаҳои сайёҳӣ ва 14 меҳмонхонаҳо, 9 адад хатсайрҳои нав ташкил карда шуда, ба 11,2 ҳазор нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат расонида шудааст.

Илова бар ин, барои онҳо 15 адад нуқтаҳои фурўши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қимматбаҳо, тўҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон ташкил карда шудааст.

Ҳамзамон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон устодон аз рӯи фанҳои “Сайёҳии байналхалқö”, “Бизнес сайёҳö” ва “Ташкили сайёҳии байналхалқö” ба донишҷӯён дарс дода истодаанд, ки заминаи хуб барои аз худ намудани соҳаи сайёҳö ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа мебошад.