(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 48 мактаб, 31 кӯдакистон, 9 кӯдакистонҳои хусусии «Дилоро», «Раҳматулло», «Офтобак», Академияи бачагонаи «Гулноз», «Раҳнамо», «Навбаҳор», «Гули ҳаёт», «Афсона», 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, аз он ҷумла 26 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 11 мактаби хусусӣ, 1 мактаб-интернати ёрирасон, 1 комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино фаъолият менамояд, ки дар онҳо 38605 нафар хонандагон ва 9600 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Баҳри таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳр 2360 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2269 нафарашон маълумоти олӣ, 37 нафар олии нопурра ва 54 нафарашон маълумоти миёнаи махсус доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ 253 нафар омӯзгорону мураббиён бо сабабҳои гуногун (нафақа, ивази ҷои истиқомат, шароити оилавӣ ва беморӣ) тарки вазифа намуда бошанд, ба ивази онҳо 305 омӯзгорон ва мураббиён ба кор ҷалб карда шуданд. Дар айни замон муассисаҳои таълимии шаҳр ба кадрҳои педагогӣ эҳтиёҷ надоранд.

Мувофиқи нақшаи курси такмили ихтисос соли 2017 бояд 450 нафар омӯзгорон савияи дониши худро такмил медоданд ва то имрӯз 532 нафар кормандони соҳаи маориф савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки ин 118% нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.12.2009, №18/7 “Доир ба тасдиқ намудани Низомномаи намунавии Маркази инкишофи кӯдакон”, мактуби раёсати маорифи вилоят аз 15.12.2010, №666 “Оид ба омода намудани кӯдакони синни 6-сола ба мактаб” дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3, 9, 10, 12, 14, 15, 17, 18, 19, 20, 22, 23, 25, гимназияи №24 ва мактаби хусусии Паймони азизон гурӯҳҳои кӯдакони 6-сола, ки ба таълиму тарбияи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта нашудаанд, ташкил карда шудааст. Гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб бо фарогирии 374 нафар кӯдакон ташкил карда шудааст.

Оид ба татбиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ таҷҳизонидани 32 адад кабинетҳои фанни физика, математика. химия, биология, технологияи информатсионӣ ва географияро дар муҳлати 5 сол ба мактабҳои шаҳр тақсим карда шуданд.

Барои таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ мактабҳо аз имкониятҳои дохилии худ истифода мебаранд.

Бо мақсади мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии Маркази дарёфти рушди истеъдодҳои назди шӯъбаи маориф нақшаи таҷҳизонидани кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои фаннӣ тартиб дода шуда, то ҷудо шудани бинои алоҳида дар заминаи муассисаҳои таълимии шаҳр маҳфилҳои фаннӣ ва дарсҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии № 6, 7, 10, 12, 21, литсейи №1, литсейи хонандагони болаёқат, литсейи Донишгоҳи политехникӣ, гимназияи №4, литсейи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо 204 нафар хонандагони болаёқат гузаронида мешавад.

Тибқи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020 ва бо мақсади муҳайё намудани шароити зарурӣ барои дарёфт ва рушди истеъдодҳо моҳи январи соли 2015 “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо” бо 5 воҳиди корӣ дар назди шуъбаи маорифи шаҳр ба фаъолият оғоз намуд.

Дар 48 муассисаҳои таълимии шаҳр маркази илмӣ-амалии “Рушди истеъдодҳо” таъсис дода шуда, то имрӯз фаъолият карда истодааст. Айни замон дар назди марказҳо маҳфилҳои илмию фаннӣ ва машғулиятҳои махсус барои хонандагони болаёқат ба таври ройгон ташкил карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар назди тамоми марказҳои наздимактабӣ зиёда аз 2,5 ҳазор нафар хонандагон ҷалб карда шудаанд.

То санаи 1 декабр буҷети муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 92% иҷро гардид, ки ин 27 068 128 сомониро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, мутаносибан ба 92% ё 13 114 091 сомонӣ баробар аст. Барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар соли 2017 беш аз 1608000,00 сомонӣ маблағҳои  иловагӣ  ҷудо гардид.

Дар ин давра дар маҳаллаи Тути калон Маркази ислоҳнамоӣ-педагогӣ барои кӯдакони норасоии нутқдошта барои 80 нафар кӯдакон ба истифода дода шуд.

Оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳайати комиссия иборат аз 7 нафар ташкил карда шудааст.

Ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёт, тафаккур ва маърифати ҳуқуқии падару модарони ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ фаъолияти университетҳои падару модарон пурзӯр карда шудаанд.

Соли 2017 дар МТМУ №2 ва №14 “Мурофиаи суди сайёри шаҳр” оид ба баррасии истифодаи телефонҳои мобилӣ, риоя накардан ба либоси мактабӣ аз тарафи хонандагони мактабҳо бо иштироки судяи суди шаҳр ва корманди прокуратураи шаҳр баргузор гардид.

Дар арафаи соли таҳсили 2017-2018 ба 425 нафар хонандагони ятиму камбизоат либосҳои мактабӣ тақдим карда шуд. Дар маҷмӯъ соли 2017 23300 адад либоси мактабӣ харидорӣ карда шудааст.

Дар самти амалӣ гаштани марҳилаи сеюми Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ин давра ба муассисаҳои таълимӣ 53 адад компютерҳо харидорӣ карда шудааст. Иҷроиши нақшаи Барномаи компютериконунӣ ба 117% расонида шуд. Ҳоло дар 76 синфхонаҳои компютерӣ 1468 адад компютер, 153 адад принтер, 38 адад сканер, 101 адад проектор ва 66 адад тахтаи электронӣ барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мавриди истифода қарор дорад.

Дастаи мактаббачагони шаҳр (хонандагони синфҳои 10-11) дар олимпиадаи вилоятӣ ба гирифтани 49 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, 14 нафар хонандагон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз он ҷумла 4 нафар соҳиби медали тилло, 4 нафар соҳиби медали нуқра ва 6 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд, ки дар натиҷа шаҳри Хуҷанд дар миқёси вилоят ҷойи I-умро ишғол намуд.

Дар литсейи хонандагони болаёқати шаҳр Олимпиадаи байналмиллалӣ даври вилоятӣ аз фанни математика байни хонандагони синфҳои 5-9 баргузор гардид. Дар Олимпиада 204 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр ширкат варзида, аз онҳо 46 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд. Бояд қайд намуд, ки аз 70 нафар ба ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардида, 46 нафари ғолибон аз шаҳри Хуҷанд мебошанд.

Дар умум хонандагони синфҳои 5-11 дар олимпиадаи вилоятӣ дар соли таҳсили 2016-2017 ба гирифтани 95 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд.

Дар озмуни байналхалқии лоиҳасозие, ки дар кишварҳои Малайзия, Тайван, Руминия ва Қазоқистон аз фанҳои математика, физика, химия, технологияи иттилоотӣ ва биология моҳи апрели соли 2017 баргузор гардид, 18 нафар  толибилмони литсей барои хонандагони болаёқат ширкат варзида, ба гирифтани медалҳои нуқра (10 нафар) ва биринҷӣ (8 нафар) ноил  гардиданд.

Дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Руссия Олимпиадаи минтақавии “Золотая середина” доир гардида, 13 нафар хонандагон аз мактаби хусусии Ирфон, литсейи хонандагони болаёқат, мактаби хусусии Гулчини маърифат иштирок карда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд (7 нафар-ҷойи 1, 5 нафар-ҷойи 2 ва 1 нафар-ҷойи 3).

Моҳи майи соли 2017 аз тарафи Донишгоҳи миллии тадқиқотии шаҳри Самараи Федератсияи Руссия олимпиадаи байналхалқӣ аз фанҳои дақиқ дар “Мактаби Президентӣ”-и шаҳри Бӯстон доир гардид. Дар он 3 нафар хонандагони синфи 10–и литсейи физикӣ-математикии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Онҳо соҳиби роҳхат ба истироҳатгоҳи машҳури “Артек” ва грант гардиданд, тибқи он метавонанд пас аз хатми мактаб дар Донишгоҳи мазкур таҳсили худро давом диҳанд.

Моҳи октябри соли 2017 дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ даври якуми Олимпиадаҳои фаннии хонандагони синфҳои 5-11 аз фанҳои таълимӣ гузаронида шуд, ки дар он 18719 нафар хонандагон иштирок намуданд. Даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанҳои таълимӣ дар 2 марҳила, марҳилаи 1-ум дар МТМУ №23 аз санаи 24.10-27.10.17 доир гардид. Марҳилаи 2-юм дар гимназияи №24 аз санаи 05.12-08.12.2017 доир гардид.

Дар ин давра озмуни вилоятии “Техникони наврас” баргузор гардид, ки дар он 7 нафар ғолибони озмуни шаҳрӣ иштирок карда, 3 нафар (гимназияи №4, МТМУ 12, мактаби хусусии Гулчини маърифат) сазовори ҷойи 1 ва 3 нафар (МТМУ №3, 19 ва литсейи хонандагони болаёқат) сазовори ҷойи 2 гардиданд.

Бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод сессияи вилоятии Академияи хурди илмҳо баргузор гардида, дар даври вилоятии сессияи мазкур 30 нафар хонандагони мактабҳои шаҳр иштирок намуда, аз ин миқдор 20 нафар, аз ҷумла 10 нафар соҳиби ҷойи 1, 6 нафар соҳиби ҷойи 2, 4 нафар соҳиби ҷойи 3 гардиданд. Ҳамчунин ба мақоми аз ин ҳам  баланд-5 нафар аъзо-корреспонденти ҳақиқӣ ва 7 нафар ба узвияти вобастаи Академияи мазкур пазируфта шуданд. Дар даври ҷумҳуриявии сессияи Академияи хурди илмҳо бошад, 62 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд, аз ҷумла 18 нафар соҳиби ҷойи 1, 11 нафар соҳиби ҷойи 2, 8 нафар соҳиби ҷойи 3  гардиданд. Ҳамчунин 12 нафар аъзо-корреспонденти ҳақиқӣ ва 11 нафар ба узвияти вобастаи Академияи мазкур пазируфта шуданд.

Ҳамчунин дар МТМУ №14 Олимпиадаи фаннии хонандагони синфҳои 10-11-и ҳамаи намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, химия гузаронида шуд. Дар Олимпиада аз тамоми таълимгоҳҳои шаҳр 201 нафар хонандагон ширкат варзиданд, ки аз ин ҳайат 70 нафарашон хонандагони мактабҳои намуди нав мебошанд. Дастаи хонандагони литсейи №1 сазовори ҷойи 1, литсейи хонандагони болаёқат сазовори ҷои 2, мактаби хусусии Пӯлотов сазовори ҷои 3 гардиданд.