(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маълумотнома
оиди фаъолияти Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд
дар соли 2016

Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро дар соли ҷорӣ баҳри иҷро намудани нақшаи кории Шӯъба, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд равона карда, риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар 904 объектҳо санҷиш гузаронид. Барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда ба роҳбарони объектҳо 1696 супоришҳои ҳатмӣ дода, аз он 1117 ададаш иҷро шудааст.
Нисбати қонуншиканон 330 протокол тартиб дода, аз он 334 қарор қабул карда шуда, 334 ҷарима ба маблағи 41480 сомонӣ пешниҳод гардида ва аз он то ин дам 300 адад ҷарима ба маблағи 38378 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Барои расонидани зарар ба табиат 53 иддао ба маблағи 21072,55 сомонӣ ҷуброни зарар пешниҳод карда, то ҳол 19 ададашон ба маблағи 3284,97 сомонӣ рӯёнида шудааст.
ба суди иқтисодӣ 1 адад мавод барои баррасӣ ба маблағи 6568,44 сомонӣ пешниҳод гардид ва маводҳои аз моҳҳои гузашта пешниҳодгардида ба маблағи 83794,44 рӯёнида шуд.
Барои вайрон кардани қонунгузории ҳифзи муҳити зист фаъолияти 7 объект муваққатан боздошта шуд.
Барои ситонидани ҷаримаву зарар ба суд 87 парванда ба маблағи 28038,67 сомонӣ пешниҳод карда, 8888 сомонӣ рӯёнида шуд.
Ба прокуратураи шаҳр 82 парванда ба маблағи 7920 сомонӣ пешниҳод гардид.