(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар ҳудуди шаҳр 1 масҷиди ҷомеаи марказӣ, 4 масҷиди ҷомеъ, 36 масҷидҳои панҷвақта ва 8 ташкилоти динии ғайриисломӣ расман фаъолият доранд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ якҷоя бо кормандони шўъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳр нисбати 18 нафар шаҳрвандон бинобар вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва бо дастрасии моддаи 474, қисми 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз инҳо, нисбати 13 нафар оиди тоату ибодат дар ҷои номуқарраргардида ва нисбати 5 нафар оиди тадриси илмӣ бе иҷозати махсуси давлатӣ қарор қабул гардид.

Баҳри риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳо амалӣ гашта, дар ин давра 1216 маърака ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 маъракаи гузаронидашуда 1500 адад кам мебошад. Аз ин шумора, тўи арўсию домодӣ 1165 адад буда, нисбат ба соли гузашта 416 адад кам шудааст.

Дар натиҷа хароҷоти маъракаҳо зиёда аз 8,0 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 млн. сомонӣ маблағ кам масраф гаштааст.

Дар давоми соли 2018 зимни санҷиш 15 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор карда шудааст, ки он нисбат ба соли 2017 3 ҳолат кам ба қайд гирифта шудааст.

Дар шаҳр ҷиҳати риояи талаботҳои қонуни зикргардида дар ҷомеаҳои меҳнатӣ 210 адад комиссияҳои ҷамъиятӣ фаъолият дошта, дар асоси қисми 1, банди 1-и нақшаи фаъолияти комиссияи доимӣ фаъолияти 112 комиссияҳои ҷамъиятии корхонаву муассисаҳо санҷида шуданд.