(20 овоз, миёна 3.35 аз 5)

Миркамолов Мухсин Насруллоевич

Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатии худро солҳои 1980-1981 дар вазифаи муҳандиси калон оид ба меҳнати Идораи истеҳсолии хоҷагии оби вилояти Суғд оғоз намудааст. Соли 1981 ба вазифаи иқтсодчии калони шуъбаи банақшагирии Идораи истеҳсолии хоҷагии оби вилояти Суғд таъин гардида солҳои 1983-1993 иқтисодчӣ оид ба таъминоти моддӣ- техникӣ ва фурӯши фабрикаи «Паррандапарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд буд.
Солҳои 1993-1997 ба ҳайси сармуҳосиби фабрикаи пойафзолбарории шаҳри Хуҷанд фаъолият намуд.
Солҳои 1997-2005 муовини сардор ва минбаъд солҳои 2005-2006 дар вазифаи сардори шуъбаи молияи шаҳри Хуҷанд адои вазифа намудааст.
Солҳои 2006-2007 дар вазифаи сардори Идораи молия ва солҳои 2007-2009 дар мансаби сардори Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.
Фаъолияти минбаъдаи Мӯҳсин Миркамолов солҳои 2009-2014 ба сифати сардори Раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд идома ёфта, солҳои 2014-2015 сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд буд.
Аз 9 феврали соли 2015 тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд ба вазифаи мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин гардид. Оиладор.