(14 овоз, миёна 3.86 аз 5)

Алимов Усмон Собирҷонович

Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2002 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурда, аз моҳи июни соли 2011 дар вазифаи мудири шӯъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад. Бо мукофоти давлатӣ Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.