(3 овоз, миёна 3.33 аз 5)

Мухбира ДониёроваТибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дониёрова таъин карда шуд.

Мухбира Дониёрова баъди хатми мактаби миёна соли 1994 ба ба факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, соли 1999 онро хатм намуда, дар донишгоҳи номбурда ҳамчун омӯзгори фанни забони англисӣ фаъолияти меҳнатиашро оғоз бахшид.

Ҳамзамон дар ин муддат Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуд.

Аз соли 2012 то таъин шудан ба маснади мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд, дар шуъбаи мазкур ба сифати мутахассиси пешбар фаъолият дошт.

Оиладор соҳиби 1 нафар фарзанд мебошад.