(4 голоса, среднее 3.25 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро бо ихтисоси муаллимаи фанни математика, информатика ва техникаи ҳисоббарор хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 ҳамчун омӯзгори фанни математика ва информатика дар МТМУ №16 ощоз намуда, аз 1 сентябри соли 1997 ба тариқи гузариш ба гимназияи №3 мегузарад. Аз октябри соли 2008 то январи соли 2009 дар вазифаи директории гимназияи №3 фаъолият мебарад. Сипас фаъолияташро дар МТҒ «Паймони азизон» идома дода, аз моҳи октябри соли 2009 ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин мешавад. Аз санаи 16 июли соли 2018 бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд №  ба мансаби мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин карда шудааст.