(7 овоз, миёна 3.71 аз 5)

Раҳимхӯҷаев Музаффар АнваровичРаҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз ва соли 2013 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо тахасуси идоракунии давлат ва маҳал хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2001 ба ҳайси сармутахассиси Иттифоқи ҷавонони шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, соли 2003 муовини раиси Иттифоқи ҷавонони шаҳри Хуҷанд интихоб мегардад. Соли 2005 сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Хуҷанд таъин мегардад. Аз соли 2006-2007 дар  вазифаи мудири шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд кор карда, соли 2007 ба ҳайси мудири бахши баҳисобгирии манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолияташро идома мебахшад. Солҳои 2011-2012 сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд буд. Сипас, аз соли 2012-2017 ба вазифаи ҷонишини директори генералии КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хуҷанд кор мекунад.
Тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 18 сентябри соли 2017 дар мансаби мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кор мекунад.
Оиладор.