(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович

Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали хуҷандии Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм кардааст. Аз соли 2010 то 2015 вакили маҷлиси вакилони шаҳраки Бобоҷон Ғафуров буд.
Солҳои 2000-2001 устои қитъаи истеҳсолоти ҶДММ КММ-44-и шаҳри Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2001-2003 дар вазифаи муҳандиси шӯъбаи истеҳсолоти техникии ҶДММ КММ-44-и шаҳри Бобоҷон Ғафуров буд. Солҳои 2004-2005 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи директори ҶДММ КММ-44-и шаҳри Ғафуров фаъолият намуда, солҳои 2005-2011 дар вазифаи директори ҶДММ «Замин»-и шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Соли 2011 ҷонишини раиси ҷамоати шаҳраки Бобоҷон Ғафуров таъин гардида, солҳои 2011-2015 ҳамчун сармуҳандиси идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд адои вазифа намудааст. Солҳои 2015-2016 директори маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буд. Аз 22 июли соли 2016 то ҳол сардори идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд таъин гаштааст. Оиладор.