(8 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Муҳаммадзода М. М.

Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро   бо   ихтисоси     муҳандис-барқчӣ       хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатии   худро солҳои 1981-1983  чун  устои зеристгоҳи шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе   оғоз   намудааст. 
Солҳои 1983-1986    дар вазифаи  устои зеристгоҳи шабакаҳои барқии Шимол фаъолият  бурда, соли 1986   ба вазифаи сардори зеристгоҳи шабакаҳои барқии Хуҷанд  таийн мегардад.
Фаъолияти минбаъдаи номбурда  соли 1992  ҳамчун  сардори шабакаҳои барқии минтақавии шаҳри Хуҷанд  идома меёбад.
Муҳаммадзода  Мӯъмин Муҳаммад   минбаъд  солҳои 1995-1997- самуҳандиси шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд  ва солҳои 1997-2000- директори шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд  буд.
Солҳои 2000-2009  дар вазифаи  сардори гуруҳи координатсионӣ - Директори шабакаҳои барқии вилояти Суғд, ҷонишини Раиси барқи тоҷик    низ  фаъолият  бурдааст.
Аз  соли 2009 то соли    2015     директори шабакаҳои барқии вилояти Суғд буд. 
Фаъолияти минбаъдаи худро солҳои солҳои 2015-2016   чун  сармутахассиси шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  идома дод.
Аз 29 августи соли 2016 бо Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд  №  387   ба вазифаи    мудири бахши энергетика ва  саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тайин гардид.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон мебошад. Оиладор, соҳиби   2 фарзанд.