(34 овоз, миёна 3.94 аз 5)

Ҷамшед Набизода

Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Солҳои 2004 – 2005 ба ҳайси қосиди Суди вилояти Суғд фаъолияти меҳнатии худро оғоз намудааст. Солҳои 2005 – 2009 вазифаи котиби маҷлиси судии Суди вилояти Суғдро иҷро намудааст.
Аз соли 2009 чун котиби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании вилояти Суғд адои вазифа намудааст.
Фаъолияти меҳнатии ӯ аз соли 2012 дар вазифаи котиби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Суғд идома ёфта, баъдан котиби маҷлиси судии Суди вилояти Суғд буд.
Шурӯъ аз соли 2013 вазифаи ёрдамчии раиси Суди вилояти Суғдро иҷро намуд.
Аз 7 –уми марти соли 2016 бо Амри Раиси шаҳри Хуҷанд ба вазифаи сармутахассис - ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд тайин гардид.

Бо амри Раиси шахр аз соли 2022 то 12 январи соли 2024 ба мансаби мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва қабули шаҳрвандон кор кардааст.

Бо карори Раиси шахр аз 12 январи соли 2024 ба мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба идеалогия ба соҳаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дин ва танзими расму оин, ҷавонон ва варзиш, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ сарпараст таъин шуд.

Оиладор аст.