(7 голоса, среднее 2.71 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Юсуфӣ У. C.

Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси "Ҳуқуқшинос" хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 2006-2007 ҳамчун мутахассис дар Ҷамоати Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров оғоз намуда, баъдан солҳои 2010-2011 ба вазифаи нозири бехатарӣ дар Филилали ШС "Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд" ҶТ дар вилояи Суғд, солҳои 2011-2014 ба вазифаи ҳуқуқшиноси Корхонаҳои давлатии "Истифодабарии манзил"-и соҳили чап ва рости шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Солҳои 2014-2015 номбурда фаъолияти худро ҳамчун ҳуқуқшинос дар КВДК "Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и шаҳри Хуҷанд идома дода, минбаъд солҳои 2015-2016 мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳр, солҳои 2016-2017 сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки МИҲД-и шаҳр, солҳои 2017-2019 мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳр кор кардааст.
Фаъолияти минбаъдаи Усмон Юсуфӣ солҳои 2019-2020 ба ҳайси мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр идома ёфта, аз 1 июни соли 2020 тибқи қарори Раиси шаҳр ба вазифаи мудири бахши манзили МИҲД-и шаҳр таъин гардид.
Оиладор соҳиби ce фарзанд мебошад.