(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷ У М Ҳ У Р И И Т О Ҷ И К И С Т О Н

В И Л О Я Т И С У Ғ Д

Р А И С И Ш А Ҳ Р И Х У Ҷ А Н Д

Қ А Р О Р

ш. Хуҷанд

Дар бораи баргузории Фестивали шаҳрии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад»

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 «Оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд аз 21 феврали соли 2023, №56 «Дар бораи баргузории Фестивали ҳунармандони вилояти Суғд ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» Қ А Р О Р М Е К У Н А М:

1. Тибқи ҷадвали баргузории даври аввали Фестивал моҳи марти соли 2023 Фестивали шаҳрии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дар шаҳр гузаронида шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот ва низомномаи баргузории Фестивал дар шаҳри Хуҷанд тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

3. Ҳамоҳангсози қарори мазкур шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр муқаррар карда шавад.

4. Шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, бахши фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани Фестивали шаҳрии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» тадбирҳои мушаххас андешанд.

5. Ба бахши фарҳанги шаҳр супурда шавад, ки хароҷотро вобаста ба ташкил ва гузаронидани Фестивали шаҳрӣ аз хисоби маблағҳои ба ин мақсад дар соли 2023 пешбинишуда пардохт ва истифодаи мақсадноку босамари маблағҳои буҷетиро таъмин намояд.

6. Котиби матбуоти Раиси шаҳр, рузномаи шаҳрии «Тирози ҷаҳон», телевизионҳои маҳаллии шаҳр ҷараёни омодогӣ ва рафти Фестивалро дар воситаҳои ахбори омма ҳаматарафа инъикос намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳр Бахтиёр Боқизода вогузор карда шавад.


Раиси шаҳр Шарифзода Фирдавс