(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷ У М Ҳ У Р И И Т О Ҷ И К И С Т О Н

В И Л О Я Т И С У Ғ Д

Р А И С И Ш А Ҳ Р И Х У Ҷ А Н Д

Қ А Р О Р

ш. Хуҷанд

Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни шаҳрии “Сайри гули лола” дар соли 2023

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, № АП-318, дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 28 феврали соли 2023, №60 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни вилоятии “Сайри гули лола” дар соли 2023” ҷиҳати густариши корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар маҳал, ташвиқу тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, Қ А Р О Р М Е К У Н А М:

1. Моҳи апрели соли 2023 озмуни шаҳрии “Сайри гули лола” гузаронида шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот, низомнома, нақшаи чорабиниҳои озмуни шаҳрии “Сайри гули лола” барои соли 2023 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).

3. Кумитаи тадорукот вазифадор карда шавад, ки тибқи талаботи низомномаи озмуни “Сайри гули лола” барои ҳавасмандкунии иштирокчиёни чорабинӣ ҳамасола харҷнома таҳия ва дар мувофиқа бо бахши фарҳанги шаҳр барои ҷудо кардани маблағ ба раиси шаҳр пешниҳод манзур намояд.

4. Шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, иқтисод ва савдо, кор бо занон ва оила, маориф, ҳифзи муҳити зист, бахшҳои фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, нақлиёт ва алоқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр, котиби матбуоти раиси шаҳр ва корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани озмуни шаҳрии “Сайри гули лола” дар соли 2023 тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5. Ба бахши фарҳанги шаҳр супорида шавад, ки маблағгузории хароҷоти вобаста ба гузаронидани озмуни шаҳрии “Сайри гули лола” ва мукофотонидани ғолибони онро тибқи харҷнома аз ҳисоби маблағҳои барои бахши фарҳанги шаҳр дар соли 2023 пешбинишуда таъмин намояд.

6. Котиби матбуоти раиси шаҳр, рӯзномаи шаҳрии “Тирози ҷаҳон”, телевизион ва радиоҳои маҳаллӣ вазифадор карда шаванд, ки инъикоси ҳамаҷонибаи чорабиниро амалӣ намоянд.

7. Бахши нақлиёт ва алоқаи шаҳр, корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр вазифадор карда шаванд, ки натиҷаи баргузории чорабинии мазкурро ҷамъбаст ва ба унвони раиси шаҳр маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

8.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода ва муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода гузошта шавад.


Раиси шаҳр Шарифзода Фирдавс