(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷ У М Ҳ У Р И И Т О Ҷ И К И С Т О Н

В И Л О Я Т И С У Ғ Д

Р А И С И Ш А Ҳ Р И Х У Ҷ А Н Д

Қ А Р О Р

ш. Хуҷанд

Дар бораи ташкил ва баргузор кардани Озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин»

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318, дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2023, №24/10-8 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 24 феврали соли 2023, № 58 «Дар бораи ташкил ва баргузор кардани Озмуни вилоятии «Кадбонуи беҳтарин», бо мақсади тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ, хуришҳои болаззат, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, Қ А Р О Р М Е К У Н А М:

1. Даҳаи аввали моҳи марти соли 2023 Озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» гузаронида шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот, низомнома ва ҳайати комиссияи баргузории чорабинӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

3. Ҳамоҳангсози қарори мазкур шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муқаррар карда шавад.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод карда шавад.

5. Шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, маориф, бахшҳои фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, котиби матбуоти Раиси шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» тадбирҳои мушаххас андешанд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода вогузор карда шавад.


Раиси шаҳр Шарифзода Фирдавс