(2 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Ҷ У М Ҳ У Р И И   Т О Ҷ И К И С Т О Н

В И Л О Я Т И   С У Ғ Д

Р А И С И  Ш А Ҳ Р И   Х У Ҷ А Н Д

Қ А Р О Р

ш.Хуҷанд

 

Дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 «Дар барои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд аз 21 феврали соли 2018, №51 «Дар барои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо  мақсади тарғиби комёбиҳои солҳои Истиқлолият, ташакулли ҳисси ватандорӣ, қадршиносӣ аз арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ,  таъмини якпорчагиву  ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими ваҳдати халқҳои маскуни кишвар, ташаккули давлати демократӣ,   ҳуқуқбунёд ва дунявӣ   Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

1.  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳбарӣ ва иҷро гирифта шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2).

3. Шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, маориф, бахшҳои фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати тарғиби дастовардҳои истиқлолият, ҳидоят ба меҳру муҳаббат, ваҳдат, сулҳу ризоияти миллӣ байни мардум тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи фарҳангии идонаро бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод намояд.

5. Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати татбиқи Нақшаи чорабиниҳо ва дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷаи он ҳар нимсола ба унвони Раиси шаҳр маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

6. Ба Раёсати молияи шаҳр супорида шавад, ки баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ маблағгузориро аз манбаъҳои дахлдори буҷети маҳаллӣ таъмин намояд.

7. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, котиби матбуоти Раиси шаҳр якҷоя бо рўзномаи «Тирози ҷаҳон» ва ширкатҳои телевизион ва радиои маҳаллӣ доир ба дастоварду музаффариятҳои даврони Истиқлолият мавод ва мақолаҳои илмию оммавӣ нашр намуда, барномаҳои ҷолиб таҳия ва пахш намоянд.

8. Назорати иҷрои қарори мазкурро ба зиммаи худ мегузорам.

 Раиси шаҳр                                                       Маъруф Муҳаммадзода