(2 голоса, среднее 3.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Аз ҳаёти корхонаҳои ободонӣ

Ҷомеаи меҳнатии КВДК «Хадамоти нақлиёти санитарӣ»-и шаҳр 9 моҳаи нақшаи партовкашониро пурраву барзиёд иҷро кард. Тавре зимни сӯҳбат ба мо директори генералии коргоҳ Иброҳимҷон Қаландаров изҳор дошт, дар ин давра ба аҳолии шаҳр ва корхонаву ташкилотҳо ба маблағи 5907219,82 сомонӣ хизмат расонида шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 111 фоизро ташкил медиҳад. Инро бешак тӯҳфаи арзанда ба 20 солагии Сарқонуни кишварва қабули Парчами миллӣ маънидод кардан мумкин аст.
Маблағи хизматрасонӣ аз корхонаю ташкилотҳо дар ҳамин давра нисбат ба соли гузашта 127465,00 сомонӣ зиёд чамъоварӣ кардашуда, нисбати нӯҳ моҳи соли гузашта зиёда аз 119% фоиз иҷроишро ташкил кард, ки дар соли 2013-ум дар ҳамин давра маблағи ҷамъовардашуда 650135,00 сомонӣ буд.
Муваффақият дар самти бастани шартномаҳо низ ба даст омадааст. Дар 9 моҳи соли равон бо 880 корхонаю ташкилотҳо шартнома баста шуд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли рафта, 680 ададро ташкил медод. Ба ин нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам қарзи аҳоливу корхонаю ташкилотҳо аз хизматрасонии ин муассиса ташвишовар боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти расмӣ сокинон аз хизмати партовкашонҳо 3776395,83 ва корхонаю ташкилотҳо 625588,55 сомонӣ,комбинати ободонии шаҳр 2905318,10 сомонӣ қарздоранд.
Дар навбати худ коргоҳ аз андоз ба маблағи 3971128,00 ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят 3971128,00 сомонӣ қарздоранд.
Маъмурияти корхонабаҳри афзун намудани маоши партовкашон чораҳои таъхирнопазир андешаидааст. Ҳисоби миёнаи маоши коргарони муассиса 910 сомониро ташкил медиҳад, ки нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд аст.
Албатта, ин нишондиҳандаҳои ба дастомада моро қонеъ карда наметавонад,- гуфт дар интиҳои сӯҳбат роҳбари корхона И.Қаландаров,- мекӯшем минбаъд низ баҳри баланд бардоштани нишондиҳандаҳо чораҳо андешем. Дар соли идҳои бузурги миллат 20 солагии қабули Сарқонуни ҷумҳурӣ ва Парчами миллӣ дастовардҳоямонро афзун намуда, соли 2014-умро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намоем.

Маркази таҳлил ва иттилооти

Раиси шаҳри Хуҷанд.