(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии онҳо 83,2 ҳазор нафар буда, аз ин 39,9 ҳазор нафари онҳоро духтарон ва 43,3 ҳазор нафарро писарон ташкил медиҳанд.

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 25 нафар ҷавон, аз ҷумла 8 нафар ҷавондухтарон дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият намуда истодаанд, ки 38,0 фоиз хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, 1 нафар ҷавон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мебошад.

Баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа давоми соли 2018 14 аксия ва ҳамоишҳои мухталиф бо ҷалби 3750 нафар ҷавонону наврасон баргузор гардида, 1675 адад маводҳои таблиғотӣ паҳн карда шуданд.

Ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва ҷалби васеи омма ба намудҳои мухталифи варзиш ва бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” зиёда аз 100 чорабиниҳои варзишӣ баргузор гардиданд.

Дар ин давра мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол барои дарёфти ҷоизаи “Бойчечак” ва дарёфти мукофоти “Тўби чармин-2018” байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ солҳои таваллудашон 2001-2002, 2003-2004, 2005-2006 ташкил ва гузаронида шуд. Дар мусобиқаҳои мазкур дар маҷмўъ беш аз 70 даста ва 1000 нафар футболбозони наврасу ҷавон иштирок намуданд.

Бозии интихобии ҷоми футболи “АFК” байни дастаҳои “Аҳал”-и Ҷумҳурии Туркманистон ва дастаи футболи Клуби футболи “Хуҷанд” дар варзишгоҳи ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” баргузор гардида, дар он зиёда аз 25 ҳазор мухлисон иштирок намуданд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2018 Дави Наврўзӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштирокии 10200 нафар варзишгарон ва шаҳрвандони синну соли гуногун, аз ин шумора 2400 нафар бонувон иштирок намуда, дар марафони велосипедронӣ 210 нафар дўстдорони ин намуди варзиш ҷалб карда шуданд.

Дар ин радиф моҳи майи соли 2018 бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ бо ҷалби беш аз 25 ҳазор нафар сокинони касбу кори гунонгун, донишҷўёну толибилмон ва ҷавонону вазишгарон баргузор гардид.

Дар давоми сол 45 маротиба машқи дастаҷамъонаи пагоҳирўзӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он 13120 нафар ҷавонону варзишгарон ва сокинон иштирок намуданд.

Дастовардҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ назаррас буда, дар давраи ҳисоботӣ варзишгарони шаҳр ба гирифтани 2738 адад медал, аз ҷумла 909 медали тилло, 741 медали нуқра ва 1088 медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 296 иншооти варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Бояд қайд намуд, ки то ин давра 18 адад иншоотҳои варзишӣ ба истифода дода шуда, бунёд ва азнавсозии толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи эълон гардидани “1300 Рўзи ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маром идома дорад.

Баҳри ҳавасмандкунӣ ва дастгирии моддиву маънавии ҷавонону ва варзишгарон дар доираи чорабиниҳои Рўзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 22 май барои 100 нафар ҷавонони фаъол, аз ҷумла 20 нафар варзишгарони беҳтарин Стипендияи раиси шаҳр ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон барои 20 нафар хатмкунандагони курси семоҳаи “Мактаби сарварони ҷавон” шаҳодатнома супорида шуд.