(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Вазифагузориҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз назди роҳбарони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вобаста ба эълон гаштани “Соли 2017- соли ҷавонон”:
1. Дастуру супоришҳое, ки дар Паёми  Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҷавонон зикр гардидаанд омӯзиш ва дар амал татбиқ карда шаванд.
2. Нақша - чорабиниҳои баргузории Соли ҷавонон дар раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳия ва тасдиқ карда шавад.
3. Бахшида ба эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии шаҳр Озмуни беҳтарин ҷавони соҳа эълон карда шуда, ғолибон дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр қадрдони карда шаванд.
4. Бо мақсади ҳавасманд намудани ҷавонон ва варзишгарони лаёқатманд Стипендияи номии Раиси шаҳри Хуҷанд ба 100 адад расонида шавад.
5. Дар кӯчаву хиёбонҳо, гулгаштҳо ва ташкилоту муассисаҳо корҳои ободонию шанбегиҳо мунтазам гузаронида шуда бо шиору овезаҳо бахшида ба Соли ҷавонон оро дода шавад.
6. Бо мақсади тарбия, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон, омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, пойдории оилаҳои ҷавон ва маърифати оиладорӣ, тарғиби либоси миллӣ корбарӣ ҷоннок карда шавад.
7. Бо иштироки ҷавонони лаёқатмад, иштирокчиёни олимпиадаҳо варзишгарон барномаҳои телевизиони сабт ва намоиш дода шавад.
8. Саҳифаи махсус дар рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» бахшида ба фаъолияти ҷавонони шаҳр бо номи «Пайғоми ҷавонони шаҳр» таъсис дода шавад.
9. Дар самти рушди имконоти ҷавонон ҷиҳати ба шуғл фаро гирифтан ва рақобатпазирии онҳо дар  бозори меҳнат, аз ҷумла рушди ҳунарҳои хонагӣ миёни ҷавонондухтарон тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
10. Бо назардошти ба таври васеъ рӯ овардани ҷавонон ба илмҳои дақиқ, аз ҷумла ба соҳаи техника ва баргузор намудани олимпиадаҳои фаннӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус корҳо ҷоннок дода шавад.
11. Дар сатҳи баланд дар раёсатҳо, идораҳо, ташкилоту муассисаҳои шаҳр Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 23 – май таҷлил карда шавад.
12. Бо иштироки мутахассисони соҳавӣ, сиёсатшиносон, намояндагони ҳифзи ҳуқук доир ба моҳияти терроризм ва эстремизм, пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва олӣ мизҳои мудаввар, мулоқоту вохӯриҳо бештар баргузор карда шавад.
13. Ҷиҳати таъмиру тармими толорҳои варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, иншоотҳои варзишӣ эҳё ва бунёд намудани майдончаҳои варзишию бозии кӯдакон дар назди биноҳои баландошёна тадбирҳои мушаххас андешида, бинои маъмурият, утоқҳои кории муассисаҳои варзишӣ пурра аз таъмири копиталӣ бароварда шавад.
14. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллии ҷавонон тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
15. Мулоқоту вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, таҳияи барномаҳои телевизионӣ бо ҷалби олимони сиёсатшинос, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба вазъи ҳассоси ҷаҳони муосир, доир ба масъалаи тақвияти мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, таблиғи нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.
16. Бо мақсади дастгирии ҷавонони ятиму бепарастор, камбизоат ва имконияташон маҳдуд дар арафаи санаҳои таърихӣ чорабиниҳои мухталиф аз қабили мусобиқаҳои варзишӣ ва аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат мунтазам ба роҳ монда шавад.
17. Бо мақсади ташаккули ҳисси ватандӯстии ҷавонон, дар қисмҳои низомӣ рӯзҳои дарҳои кушод, вохӯрии падару модарон, ҷавонони синни тодаъватӣ бо сарбозону афсарон ва барномаҳои фарҳангӣ ташкил намуда, барои ҷавонони ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ номнавис гардида таваҷҷӯҳи махсус дода шуда, ҳавасманд гардонида шаванд.
18. Ҷиҳати дастгирии моддӣ ва маънавии ҷавонон ва алалхусус оилаҳои ҷавон барои эҳтиёҷмандони ҷавон заминҳои наздиҳавлигии ҷудо карда шавад.
19. Баҳри рушди малакаи мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон, ҷиҳати рақобатпазирии онҳо ба талаботи ҷомеаи имрӯза курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил карда шуда, ҷиҳати пешниҳод гардидани ҷавонони болаёқат ба захираи кадрҳо ва пешбарӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар мақомоти дахлдори давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
20. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Соли ҷавонон аксияҳо дар мавзӯи “Ба муҳофизати Ватани маҳбубамон омодаем!”, “Барои Тоҷикистони озоди соҳибистиқлол хизмат мекунем!”, “Садоқат ба Пешвои миллат-садоқат ба Ватан”, ва монанди инҳо дар сатҳи зарурӣ гузаронида шавад.
21. Аксияи солимгардонии ҷавонон таҳти унвони “Мо – ҷавонон варзишро интихоб менамоем!” дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронида шавад.
22. Силсила чорабиниҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои гӯштин, чавгонбозӣ, футбол, волейбол, баскетбол, бокс, варзиши сабук, гӯштини юнонӣ – румӣ, гӯштини тарзи озод, дзюдо, таэквон-до (ВТФ), каратэ-до, велосипедронӣ, бадминтон, қаиқронӣ, тенниси рӯи миз ва ғайра бо ҷалби васеи омма гузаронида шавад.