(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар самти саноатикунонии кишвар, дар натиҷаи фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатии шаҳр давоми соли 2017 ба миқдори 942,6 млн. сомонӣ (бо назардошти тақсимоти қувваи барқ ва истеҳсол ва тақсимоти об) маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 173,7 млн. сомонӣ, ё  22,6 дар сад афзудааст.

Дар шаҳр 66 намуд маьсулоти саноатц истеҳсол карда мешавад, ки аз онҳо ҳаҷми 45 намуд маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.

Дар соли ҳисоботӣ аз тарафи 18 корхонаҳои саноатии шаҳр 322,1 млн. сомонӣ маҳсулот ба 14 давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳачми он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 141,6 млн. сомонӣ зиёд шудааст.

Инчунин аз ҷониби 39 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 274,3 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 48,7 млн. сомонӣ, ё 21,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли ҳисоботӣ 20 адад корхонаҳои истеҳсолии нав таъсис ёфта, аз ин ҳисоб 171 нафар шаҳрвандон бо ҷои корӣ таъмин гардиданд. Аз ҷумла ҶДММ «Хуҷанд Агро», ҶДММ «Орзуи Ширин», ҶДММ «Султони Хуҷандӣ», ҶДММ «Адбураҳмонов А», ҶДММ «Нӯшокиҳои Муҳаббат», ҶДММ «Тоҷикполиэтилен», ҶДММ «Зиёрати Хуҷанд», ҶДММ «Муқим 2016», ҶДММ «Ҷаҳони нав М.М.», СИ «Ширинак», СИ «Сатторов» , СИ «Юнусов» , СИ «Сулаймонов Одилхон», СИ «Абдунабиев Рашид» , СИ «Абдураҳими Саркор», СИ «ӯрунова С», СИ «Мулломирова З», СИ «Алиев К», СИ «Нурматов Л», СИ «Абдулакимов Ҷ»  ба ҳисоб рафта, онҳо то имрӯз пурра фаъолият намуда истодаанд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақвияти иқтидории саноатикунонии кишвар дар соҳили рости шаҳр “Минтақаи саноатӣ” ташкил карда шуда, барои ин мақсад 40,0 гектар замин барои ташкили истеҳсолоти  маҳсулоти ивазкунандаи воридот ҷудо карда шудааст.

Ҳамчун вазифаҳои сархатӣ дар стратегияи рушди кишвар афзалияти бештар ба рушди соҳаи энергетика дода шудааст.

Дар ин росто ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо кардааст.

Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти идораҳои фурӯши барқ аз тарафи шабақаҳои барқи шаҳр ба миқдори 521,6 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол карда шуд. Маблағи пардохти умумии он 117,4 млн. сомонӣ, ё 100,3 фоиз, аз ҷумла аз тарафи аҳолӣ 48,9 млн. сомонӣ, ё 101,0 фоизро ташкил менамояд.