(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дилҳо шодучеҳраҳо пурнур буд.Нахустрӯзи фарвардинмоҳ шаҳри Хуҷанди бостонӣ қабои идона ба бар дошт. Табиат бедор гашта, дарахтони бодому зардолу шукуфтанд  ва сабзаҳо рӯи заминро махмалин сохтанд. Ҳама ҷо тозаву озода. Шиору овезаҳо, парафшонии Парчами миллӣ дар болои биноҳои маъмурӣ идораю ташкилот, майдонҳои гулпӯши кӯчаю хиёбонҳои шаҳр аз фарорасии Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонд. Меҳмонону сокинони шаҳр аз субҳи содиқ сӯи идҷойи наврӯзӣ, ки назди Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ муқаррар шуда буд, мешитофтанд. Даромадгоҳи театр бо мусаввараҳои зебою мунаққаш ва портрети Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оро ёфта буд. Дар хиёбони Аҳмадбек Мавлонбеков, кӯчаҳои Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо, Маҳмудҷони Танбӯрӣ хаймаҳо гузошта, дар он корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи муштараки САТН, ҶС “Ресандаи Тоҷикистон”, ҶДММ “Сирдарё”, ҶДММ “Темуриён”, ҶДММ “Молочная радость” ҶДММ “Ношир” маҳсулотҳои истеҳсолкардаи худро ба намоиш гузошта буданд. Дилҳо шодучеҳраҳо пурнур буд.

Сокинони кумитаи маҳаллаҳо, муассисаҳои тиббию таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбию техникӣ ва мактабҳои олии маркази вилоят  хони наврӯзӣ густурда, болои он хӯрокҳои қадимаи кичирӣ, ширбиринҷ, омоч, шавламошаку оши палав, самбӯсаву салла, тушбераю гулманту ва рамзҳои ҷашни  Наврӯз ҳафт шину ҳафт син ба чашм мерасид. Ҳамзамон, дар хаймаҳо аз кӯзаву хумдон, обдаставу лаганди мисини қадима сар карда то дастгоҳҳои майдони гилембофӣ, рӯймолу сӯзаниҳои дастидӯхт, дурраҳои ғиҷим, лисобҳои аз матоъҳои атласу адрас дӯхташударо дидан мумкин буд.
Дилҳо шодучеҳраҳо пурнур буд.Дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҳамроҳи мураббиёни худ дар майдони назди театр намоиши наврӯзӣ ташкил карда, ба бозиҳои миллӣ машғул буданд. Гурӯҳи дигари тарбиятгирандагон таронаҳои наврӯзӣ месуруданд.
Чорабинии идона бо садои карнаю сурнай оғоз гардида, нахуст намояндаи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзо сокинони шаҳри Хуҷанди бостонро бо фарорасии Наврӯзи аҷам шодбош гуфт ва дар хусуси аз соли 2010 ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз ҳарф зада, иброз дошт, ки Наврӯз дар Тоҷикистон дар партави ғояҳои зиндагиафрӯз ва нусратбахши истиқлолияти давлатӣ ба муҳимтарин ҷашни миллӣ ва мардумӣ табдил ёфт. Муовини Раиси вилояти Суғд Ориф Хоҷазод, табрикоти Раиси вилоятро ба самъи ҳозирин расонида, доир ба рамзи абадияти зиндагӣ, эҳёи табиат ва барои мо тоҷикон басо муқаддас ва гиромӣ будани ин ҷашни бостонии ниёгон маълумот дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода сухан карда, зикр дошт, ки Наврӯз дар фарҳангу оинҳои ориёнии мо аз даврони қадим то имрӯз бо суннатҳои худ ба сарнавишти миллати мо пайвастагии ногусастанӣ дошта, дар дилу дидаҳои мардуми мо ҷой гирифтааст. Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд.
Дар ҷамъбасти озмуни шаҳрӣ аз рӯи наминатсияи “Хаймаи беҳтарин” ҷои аввал насиби Муассисаи фарҳангӣ (хаймаи №30), ҷои дуюм ба шӯъбаи маориф (хаймаи №27), ҷои сеюм ба кумитаи маҳалла (хаймаи №11) лоиқ дониста шуд.
Дар оростани “Дастархони беҳтарини наврӯзӣ” Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ба мақоми аввал, Коллеҷи омӯзгорӣ ҷои дуввум ва Таваллудхонаи шаҳрӣ ба ишғоли мақоми саввум сазовор гаштанд.
Аз рӯи тарзи омодасозии “Таомҳои миллии беҳтарин” ғолибият насиби Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шӯъбаи маориф (хаймаи №20) ва ба Беморхонаи касалиҳои сироятӣ гардид.
Дилҳо шодучеҳраҳо пурнур буд.Ғолибони озмуни ҷашни наврӯзӣ бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Қисми дуюми чорабинии идона аз барномаҳои адабию фарҳангӣ иборат буд. Он бо садои карнай оғоз гашта, писаракон бо шодиву тараб аз омадани фасли баҳор мужда расониданд ва рақсиданд. Духтаракони дӯстрӯю писаракони чаққон бозиҳои миллии маросими наврӯзиро намоиш доданд. Ансамбли “Бибиҳо” аз оғози барнома то анҷом нақши бориз доштанд. Онҳо маҳорати худро новобаста ба тағйироти талаботҳои дирӯзу имрӯз моҳирона нишон дода, сурудҳои халқиву эстрадӣ ва ҳатто дар жанри реп ҳунарнамоӣ карданд.
Ҳофизони шинохтаю хушсалиқа Анвар Қосимов, Ҳасани Камол, Ғолибҷон Юсуфов, Субҳиддини Раҷабзод, Ҷамшед Исмоилов, ансамбли рақсии “Маҳастӣ” ва дигар дастаҳои ҳунарӣ бо суруду мусиқиҳои ҷаззобу рақсҳои мавзуни худ базми идонаро шукӯҳи тоза бахшиданд.