(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи чавгонбозӣ

Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз бобати фарогирии ҳарчӣ бештари муҳассилини макотиби таҳсилоти умумии маркази вилоят ба чорабиниҳои фарҳангӣ варзишӣ ва оммавӣ ва эълон гаштани соли 2017 чун соли ҷавонон Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳр чанд тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Ҳамин тавр санахои аз 17 то 19 январи соли 2017 дар варзишгоҳи чавгонбозии шаҳри Хуҷанд Мактаби варзишии № 1 мусобиқаи чавгонбозӣ байни ҷавонписарон ва духтарон гузаронида шуд. Дар мусобиқа мазкур 5 даста ва 70 варзишагрон иштирок намуданд.
Чуноне, ки масъулини бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳр иброз медоранд баргузории чунин чорабиниҳо барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар таътили зимистона ҳамчунин дарёфти варзишгарони бомаҳорат бо назардошти ширкати минбаъдаи онҳо дар мусобиқаи сатҳи мухталиф мусоидат менамояд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо диплом ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд.