(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Идомаи корҳои сабзкорӣ дар муассисаҳои варзишии шаҳри ХуҷандТибқи нақшаи чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба иҷрои дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз  ва дар доираи Аксияи ҷумҳуриявии 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯсти биншон, ки коми дил ба бор орад!» ба ифтихори 20 солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон дар тамоми муассисаҳои варзишии шаҳр корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома доранд.
Аз субҳи имрӯз низ дар ҳашари омммавӣ бо иштироки ҷавонон вакорҳои ободонӣ, ки дар мактабҳои варзишии рақамҳои 1, 2, 3, захираҳои олимӣ, ва махсуси намудҳои гӯштини шаҳр гузаронида шуд, обод намудани мавзеҳои вобасташуда, корҳои барқарор намудани ҷӯйборҳо ва ниҳолшинонӣ ба сомон расонда шуданд. Давоми рӯз  дар ҳашари ҷавонон дар маҷмӯъ 130 нафар кормандону мураббиён ва варзишгарон фаъолона иштирок намуданд. Дар ҳудуди мактаби варзишии № 1-и шаҳр 40 адад дарахтони ҳамешасабз, 800 дона қаламчаҳои гули садбарг ва 200 дона қаламчаи буттаҳои ороишӣ шинонида шуд.