(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)


Фаъолияти муассисаҳои фарҳагӣ ҷамбаст гардидДар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи бахши фарҳанг бо иштироки Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Бобозода Толиб Карим баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони мактабҳои санъату мусиқӣ, рассомӣ, хонаҳои маданият, хона- осорхонаҳо ва арт- галереяи «Сомониён» ширкат намуданд.
Ҳозирон дар оғоз баромади мудири бахши фарҳанг Бахтиёр Қосимовро доири фаъолияти соҳа дар соли 2016 шуниданд.
Доири самтҳои фаъолияти худ омӯзгори мактаби санъати №3 Иброхим Шокиров, аъзои комиссияи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ муаррих Муҳиддин Файзуллоев, роҳбари иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи фарҳанг Фотима Қодиров баромад намуданд. Дар интиҳо барои собиқадорони меҳнат ва фаъолони соҳа Ифтихорномаю Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.