(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шаҳри Хуҷанд рушд меёбад

Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида нишастии матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид. Дар ин конфронси матбуотӣ, ки дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, муовинони Раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳои шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода аз дастоварду муаммоҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ сухан карда, оид ба даромади буҷети маҳаллӣ ва иҷрои андоз, соҳаҳои саноат ва иқтисод, маориф ва тиб, фарҳангу ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, алоқаву нақлиёт ва сохтмону ободониҳо маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Сипас Шариф Шарифзода ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма ҷавобҳои мушаххас дод. Аз он ҷумла, муҳаррири ШТР «СМ-1» Ҳалим Ҷӯраев, намояндаи радиои вилоят Мунаввара Мирзоумарова, намоянда аз телевизиони вилояти Суғд Субҳиддин Қодиров, директори генералии Радиои «Тироз» Хуршед Ӯлмасов, намояндаи рӯзномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдусабури Абдуваҳҳоб, мухбири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Ҷовиди Аштӣ, мухбири рӯзномаи «Минбари халқ» Мирзоаъзам Мақсудов, мухбири АМИТ «Ховар» Абдуахад Дадобоев, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» Тавҳида Ҷӯраева ва хабарнигори нашрияи «Тирози ҷаҳон» Мавзуна Ваҳҳобова ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.