(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Озмуни «Навозандаи беҳтарин» ҷамъбаст гардидДар гимназияи №24 озмуни вилоятии "Навозандаи беҳтарин" аз рӯи шартҳои: доиранавоз (якка, гуруҳӣ), рубобнавоз (якка), пианинонавоз-синтезатор (якка), карнайнавоз (якка, гуруҳӣ), ғиҷҷакнавоз (якка), чангнавоз (якка), найнавоз (якка) ва дуторнавоз баргузор гардид. Дастаи ҳунармандони боистеъдоди муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар ин озмун хуб ҳунарнамоӣ карда, ба дастоварди назаррас ноил гардиданд.
Аз ҷумла, дар бахши пианинанавозӣ ҷойи аввал насиби хонандаи синфи 8, М/Х Пулотов Фарзона Назарова гардид. Дар бахши дуторнавозӣ хонандаи синфи 11 Заррина Бобоева аз МТМУ №21 мақоми аввалро соҳиб гашт. Дар бахши доиранавозӣ бошад хонандаи синфи 8 Шероз Каримов аз гимназияи №1 ҷойи сеюмро ишғол намуд. Ғолибони озмун дар вазъияти тантанавӣ бо дипломҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.