1838
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
29 Ноябр 2016
Бо мақсади эҳё намудани анъанаҳои пешқадами бисёрҳазорсолаи маданиятти моддӣ ва маънавии гузаштагон дар боби одобу расму русум ва фарҳанги манзилдорӣ ва ва пешниҳоди бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз 8 августи соли 2016, №207 мувофиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз Хона осорхонаи этнографӣ, хонаи расмии “Эргашбойбача” таъсис гардид.
Минбаъд манзили истиқоматие, ки байни сокинони маҳал бо номи «Манзили Эргашбойбача» маълум аст, ба як макони таърихию фарҳангӣ ва намоиши анъанаҳои мардуми Хуҷанд табдил дода мешавад.
Назар ба маълумоти мудири Бахши фарҳанги мақомоти шаҳрдорӣ ҳоло дар ин манзил корҳои тармим ва омода намудани он барои қабули тамошобинон рафта, ҷалби 6 нафар мутахассисон ва кормандони илмӣ пешбинӣ гаштааст.
Роҳбарии ин осорхона ба Нозимҷон Усмонов гузошта шудааст. Номбурда дар вилояти Суғд дар шарти озмуни “Ҳавлии беҳтарин” ҷойи аввалро ишғол намуда дар ҷумҳурӣ бошад мақоми сеюмро соҳибгашта буд.