(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Барои бартараф намудани фурӯшгоҳҳои ғайриқонунӣ роҳбарони бозорҳо 10 рӯз мӯҳлат гирифтанд

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ҷаласаи Шӯрои шаҳрии мутобиқсозии методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти маҳаллӣ, нозироти андоз, прокуратура, шӯъбаи корҳои дохилӣ, бозорҳои шаҳр, кумитаи маҳаллаҳо иштирок доштанд. Ба ҷаласа ду масъала таъмини иҷрои қонунгузории замин ва роҳҳои пешгири намудани ҳолатҳои худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ва сохтмони худсарона ва вазъи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 19.04.2006 сол, №282 «Оиди манъ намудани фаъолияти бозорҳои номуташаккил» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Доири масъалаи аввал раиси кумитаи идораи замини шаҳр Абдухалил Ёрматов ба ҳозирон ахбороти муфассал пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки бо мақсади таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ ва истифодаи самараноки замин аз ҷониби ин идораи замин рейдҳои муштарак бо сохторҳои қудратӣ гузаронида шуда барои пешгирии ҳолати қонуншиканӣ мавриди истифодаи замин чораҳои амалӣ андешида мешавад.
Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд доири ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо раисони кумитаи маҳаллаҳо, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта мавриди ҷудо гаштани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар селроҳаҳо, пурзӯр намудани чораҳои бартраф намудани ишғоли худсаронаи замин ва ба ҳолати аввала баргардондани онҳо ба раиси кумитаи идораи замин, нозирони минтақавӣ, раисони маҳаллаҳо, шӯъбаи шаҳрсозӣ ва меъморӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Аз рӯи масъалаи дуюм сармутахассиси шӯъбаи савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Абдуваҳҳоб Ҳомидов баромад намуд.
Дар маърӯзаи пешниҳодгардида қайд гардид, ки ҳоло дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмини саривақтии сокинон бо маҳсулоти ниёзи аввала бозорҳои фурӯши маводи ғизо ташкил карда шуда, ба мардум хизмат мерасонад. Баъди саволу ҷавоби масъулин ба роҳбарияти бозорҳои шаҳр, сохторҳои дахлдори назоратӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои манъ намудани фаъолияти бозорҳои номуташаккил ва ба танзим даровардани тартиби фурӯши маҳсулоти хӯроквориро дар бозорҳои шаҳр чораандеши намояд.
Роҳбарони бозорҳои шаҳри Хуҷанд вазифадор карда шуданд, ки фурӯшандагони дар гирду атрофи бозор, қади роҳҳо ҷойгирбударо ба дохили бозор дароварда ба вазъи санитарию эпидемологи аҳамият диҳанд.
Ба ҳолатҳои худсарона сохтмони нуқтаҳои фурӯши маҳсулот дар ҳудуди бозорҳо хотима дода шавад.
Дар ҷойҳои ғайримуқаррари, ки ба талаботи меъёрҳои санитарию-гигиени ҷавобгу намебошад ба фурӯш гузоштани маҳсулоти ширӣ, гӯшти ва полезӣ манъ карда шавад. Барои риоя накардани меъёрҳои санитарию-гигиени ва санитарию эпидемологӣ нисбати шахсони масъул парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сари вақт оғоз карда шавад.
Бахши нақлиёт ва алоқа супориши қатъӣ дода шуд, ки дар якҷояги бо кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ ҳаракати нақлиётро дар қади роҳҳои дохилишаҳри алалхусус гирду атрофи бозори «Панҷшанбе», маҳаллаи 34, кӯчаи «Шарқ», хиёбони И.Сомони ва дигар самтҳоро ба тартиб дароранд.
Ба роҳбарияти Бозрасии давлатии автомобили супориш дода шуд, ки барои худсарона нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт, барои дар кӯчаҳо, майдончаҳо, даромадгоҳҳо, дар хиёбон ва дигар ҷойҳои мақаррар карда нашуда, фурӯхтани мол чораҳои қонуни андешида, фаъолияти онҳо қатъиян манъ карда шавад. Ба тамоми мутасаддиён супориш дода шуд, ки ба мӯҳлати 10 рӯз фурӯшгоҳхои ғайриқонунӣ ва савдои кӯчагиро барҳам дода, савдо ва фурӯши маҳсулотро танҳо дар дохили бозор ва мавзеҳои муқарраргардида ба роҳ монанд.