(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Намоиши маҳсулоти Ҳиндустон дар шаҳри Хуҷанд.Шурӯъ аз санаи 5 марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти ширкатҳои Ҳиндустон оғоз гардид.
Ба ин муносибат дар Театри давлатии мазхака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ хамоиши мутантан баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳии он муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар намоиши мазкур маҳсулоти гуногуни 20 ширкати Ҳиндустон иштирок намуда, пешбинӣ мегардад, ки ширкатҳои маҳаллӣ низ барои роҳандозии ҳамкориҳои судманд шартномаю созишномаҳои тиҷоратӣ ба имзо хоҳанд расонд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин кишвари Ҳидустон бори нахуст аст, ки бо чунин намоиш дар шаҳри Хуҷанд чорабинӣ доир менамояд. Намоиш-фурӯши маҳсулот давоми 10 рӯз дар бинои театри ба номи Камоли Хуҷандӣ идома хоҳад кард.