(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Боз 120 нафар шаҳрвандон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд.Беҳтар намудани сатҳу сифати вазъи иҷтимоии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити созовори зиндагӣ яке нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ маҳсуб меёбад.
Дар ҳамин асос ва тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пайваста тадбиру чораҳои мушаххас меандешад.
Имрӯз дар ду маҳаллаи маркази вилоят барои сокинони эҳтиёҷманд қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.
Ба ин муносибат Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамоиши ба ин муносибат баргузоргашта иштирок намуда, кулли нафароне,ки соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд, табрик намуд.
Ба қисми аввали сокинон, ки аз 64 нафар иборат буданд, аз маҳаллаи 26-ум, ба ҳар кадоми 0.6 га замин ҷудо карда шуда, дар лаҳзаи тантанавор қарори дахлдор супорида шуд. Ба 56 нафари дигари эҳтиёҷманд бошад аз маҳаллаи навбунёди шаҳр- маҳаллаи 14-ум қитъаи замин ҷудо карда шуд.
Ба сокинони мазкур низ Раиси шаҳри Хуҷанд санади ҳуқуқиро супорида, таъкид намуд, ки шаҳрвандони соҳиби манзилгашта бояд сохтмонҳои ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи меъморию шаҳрсозиро ба нақша гиранд.
Лозим ба ёдоварист, ки тақсимоти замин тибқи хулосаи комиссия ҷамъиятӣ, ки дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амал мекунад ҷудо карда шуда, шаҳрвандон дар асоси рӯйхати мавҷудаи навбати эҳтиёҷмандони беҳтар намудани шароити манзил соҳиби замин мешаванд.