(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Боғи мактаб гулистон мешавадБоғи мактаб гулистон мешавадУстодону толибилмони гимназияи №24-уми шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров қарори Раиси шаҳр Раҷаббой Каримовро дар бораи 300 рӯзи ободонӣ ва сабзкорӣ маъқул шумориданд. Барои ҳамин ҳар рӯзи шанбе ба ҳашар баромада, дар майдончаи саҳни мактаб кор мекунанд.

Мактабиён дар майдончаҳо 70 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва сояафканшинонданд. Акнун ин ҷо дарахтони олу, гелос, зардолу месабзад. Аллакай бачагон дар сояи дарахтон нишаста, бо устодон сӯҳбат мекунанд, панди онҳоро мешунаванд ва хатогиҳояшонро ислоҳ мекунанд.