(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мавсими гулу ниҳолшинонӣ дар шаҳр идома дорад.Баробари наздикшавии фасли баҳор ва мусоид гардидани ҳаво дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ рӯз аз рӯз вусъат мегиранд.
Имрӯз дар майдони байни хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ ва кӯчаи Сангинбой Полвонов наздик 80 бех дарахтони сояафкани навъи «Ардач» шинонда шуд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода масъулону мутахассисони идораи ободонӣ ва манзилию коммуналӣ, минтақаи истифодабарии манзили соҳили рости шаҳр иштирок намуданд.
Тибқи нақша дар майдони шафати хиёбони марказии шаҳр шинондани 400 бех ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан пешбинӣ гаштааст.
Ҳамзамон дар асоси дастури Раиси шаҳри Хуҷанд дар қади роҳҳо шинондани қаламчаҳои гули садбарг шурӯъ гардид. Ҳоло кормандони идораи кабудизоркунӣ дар хиёбонҳои ба номи Исмоили Сомонӣ, К. Хуҷандӣ ва ғайра дар ин самт корҳоро оғоз намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки ҳоло тамоми масъулини соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳр аз ҳавои мусоид истифода бурда барои сабзпӯш намудани шаҳри Хуҷанд тамоми чораҳои лозимаро андешанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсола шинондани наздик 100 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан ва мевадор дар кучаю хиёбон, гулгаштҳо ва маҳаллаҳои шаҳр бо саҳми бевоситаи идораҳои дахлдор мақомоти маҳалли ва худи сокинон дар назар аст.