(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд бо  шароити «Ёрии таъҷилӣ»-ошно гардид.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба маркази хизматрасонии «Ёрии таъҷилии тиббӣ» омада, бо духтурон ва кормандони ин марказ шинос шуд. Давоми чанд сол аст, ки маркази «Ёрии таъҷилии тиббӣ» дар ҳудуди беморхонаи шаҳрии № 2 фаъолият дорад. Маркази асосии он дар беморхонаи номбурда ҷойгир буда, маркази иловагии он дар соҳили рост барои шаҳрвандони соҳили рости шаҳр хизмат мерасонад. Новобаста аз ин бо назардошти зиёд гаштани теъдоди сокинони маркази вилоят зарурати васеъ намудани имконияти марказ ва таъсиси марказхои дигари  он дар дигар қисматҳои шаҳр ба миён омадааст.
Ин нуктаҳо дар сӯҳбати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо кормандону табибони ин муассисаи тиббӣ садо дод. Ҳамчунин аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода пешниҳод гардид, ки дар ҳудуди беморхонаи номбурда дар оянда бояд як бино бо тамоми шароитҳо сохта шавад,ки он ба талаботу меъёрҳои Беморхонаи клиникавии «Ёрии таъҷилӣ» ҷавобгӯ бошад. Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба пешвози Наврӯз таъмир намудани роҳрав гулзор намудани майдонҳои беморхона, азнавсозии биноҳои фарсудашудаи беморхона дастур дод.
Ҳоло барои сокинони шаҳри Хуҷанд 8 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ бо  зиёда аз 50 нафар духтурону ҳамшираҳои шафқат ва ҳайати ёрирасони тиббӣ хизмат мерасонанд.