(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи футболбозони наврас анҷом ёфт.Аз санаи 5 то 23 январи соли 2015 дар варзишгоҳи «Лочин»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба футбол барои дарёфти мукофоти ширкати сохтмонии «Равзана» байни наврасони соли таваллудашон 2001-2002, 1999-2000 ва 1997-1998 бахшида ба рӯзҳои таътили зимистона баргузор гардид.
Дар мусобиқа 12 дастаи наврасон аз ноҳияҳои Ашт, ба номи Ҷ.Расулов, Мастчоҳ ва шаҳрҳои шаҳри Исфара, Истаравшан, Чкалов ва шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Варзишгарони ҷавон аз рӯи синну сол ба се гурӯҳ ҷудо карда шуда, байни худ мусобиқа намуданд.
Байни наврасони соли таваллудашон 2001-2002 ҷои аввалро дастаи «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд ишғол намуда, ҷойҳои дуюму сеюмро дастаи футболбозони ҷавони «Суғдиён»-и шаҳри Чкалов ва дастаи «МВБН №2»-и шаҳри Хуҷанд соҳиб гаштанд. Дар гурӯҳи наврасони соли таваллудашон 1999-2000 бошад ғолибият насиби 12 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд дастаи «Равзана»-и шаҳри Хуҷанд сазовор гардид. Дастаи «Суғдиён»-и шаҳри Чкалов натиҷаи дуюмро нишон дода, дастаи «Ҷавонӣ»-и ноҳияи Ҷ.Расулов дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Гурӯхи сеюм аз футболбозони навраси соли таваллудашон 1997-1998 мураттаб гашта, 6 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.
Дар ин гурӯҳ дастаи «Ҷавонӣ»-и Ҷ.Расулов натиҷаи аз ҳама беҳтаринро нишон дода ғолибиятро ба даст овард. Дар ҷои 2 дастаи «Равзана»-и шаҳри Хуҷанд ҷои сеюи бошад дастаи «Меҳнатобод»-и Зафарободро насиб гашт.
Дар рӯзи ниҳоии ин мусобиқаи анъанавӣ дар варзишгоҳи «Лочин»-и шаҳри Хуҷанд ҷамъбасти мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба футбол барои дарёфти мукофоти ширкати сохтмонии «Равзана» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов намуда хамаи ғолибонро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода табрик намуд. Ғолибон мусобиқа бо Ҷом, медал, ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ширкати сохтмонии «Равзана» мукофотонида шуданд.