(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷамъбасти соли бобарор

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд натиҷаҳои фаъолияти худро барои соли 2014 ҷамъбаст кард. Дар маҷлис роҳбарони мактабҳои варзишии шаҳр, ширкатҳои сайёҳӣ, мураббиён ва варзишгарон, мудирони кор бо ҷавонони донишгоҳҳои шаҳр ва ҷавонони фаъол иштирок доштанд.
Дар оғоз мудири бахш Бахтиёр Исматҷонов оид ба фаъолияти бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2014 назди ҳозирин маърeза кард.
Мувофиқи гуфти Бахтиёр Исматҷонов бахш дар соли сипаришуда баҳри татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва «Дар бораи туризм» фаъолияти хешро хуб ба роҳ монд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар шаҳри Хуҷанд шумораи умумии ҷавонон дар соли 2014 ба 61600 нафар расид, ки аз онҳо 32800 нафарашон писарон ва 28800 нафарашон духтарон мебошанд. Давоми сол 1798 оилаи ҷавон бунёд гардида, аз он 378  оила  вайрон шудаанд.
Баҳри ташаккули маърифати маънавию сиёсӣ ва беҳдошти тарбияи ватандeстии ҷавонон, рушди имконоти иҷтимоӣ ва мустақилияти иқтисодии ҷавонон, рушди саломатӣ ва мусоидат ба таълими муассир, дастгирии эҷодиёти ҷавонон ва иттилоотиии сиёсати давлатии ҷавонон, беш аз 100  чорабиниҳои маънавӣ-фарҳангӣ аз қабили вохeриву мулоқот, семинарҳо, мизи мудаввар, конфронсҳо, озмунҳо, корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, фаҳмондадиҳӣ ва монанди инҳо доир гардиданд.
{амзамон бахш дар самти варзиш низ як қатор корҳои намёнро иҷро кардааст. Тeли соли 2014 дар шаҳр беш аз 15  майдончаҳои варзишии хонаҳои баландошёна барои ҷавонону наврасон сохта ба истифода дода шуданд. Якчанд майдончаҳои мавҷудбудаи назди биноҳои истиқоматӣ, аз ҷумла, майдонҳои варзишии футбол, баскетбол, волейбол ва конструксияи варзишии назди биноҳо аз нав барқарор шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Варзишгарони шаҳр соли 2014-ум 2554 адад медал, аз ҷумла 906 адад медали тилло, 778 адад медали нуқра ва 870 медали биринҷиро соҳиб шуданд, ки ин яке аз дастовардҳои хуби ҷавонони мо мебошад.
Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои мухталифи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Масалан, аз санаи 13 то 20 июли соли 2014 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс  дар шаҳри Гуяни Ҷумҳурии халқии Хитой баргузор шуд, ки дар он 139 варзишгар аз 17 кишвари олам иштирок доштанд. Варзишгарони мо аз шаҳри Хуҷанд Ҷаҳон Қурбонов ва Наврeз Ҷафоев ҳам иштирокчӣ буданд. Дар вазни то 91 кг Ҷаҳон Қурбонов сазовори ҷои медали нуқра гардид.
Бахтиёр Исматҷонов  илова намуд,ки  фаъолияти самти сайёҳии бахш ҳам назаррасанд. Дар шаҳр 5 адад ширкатҳои сайёҳӣ-ҷамъияти байналхалқии туризми ҷавонон «Спутник», ҶДММ «Суғдиён-Помир-Тур», ҶДММ «Олами сайёҳат», ҶДММ «Шарқ-Амрико», ҶДММ “Марко Поло” фаъолият мебаранд. Онҳо дар самтҳои давлатҳои Кореяи ҷанубӣ, Аврупо-шаҳри Литва, Ҷумҳурии халқии Чин, Аморати муттаҳидаи Араб-Дубай, Таиланд, шаҳрҳои Русия ва Eзбекистон ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Бо вуҷуди пешравию дастовардҳои намоён дар самти фаъолияти ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ кeшиш бояд кард, ки ба дараҷаҳои аз ин ҳам шоёнтар ноил гардем, зеро, рeз то рeз дастгириву ғамхории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон зиёд шуда истодааст. Гузашта аз ин, ҳар халқу миллат аввал ба ҷавонон такя мекунад ва пешравии ҷомеаро маҳз аз дастовардҳои назарраси ҷавонон мебинад. Бинобар ин, дар соли 2015 низ кeшиш бояд кунем, ки ба нишондодҳои хуби меҳнатию маънавӣ расем ва дар ободии кишвар саҳм гузорем,-гуфт дар охири суханаш Бахтиёр Исматҷонов.
Сипас, чанд нафар аз иштироккунандагони ҷаласа ба музокира баромада, фикру ақидаҳои хешро доир ба масъалаҳои ҳалталаби соҳа матраҳ карданд. Аз ҷумла, сарвари мактаби варзишии бачагон ва наврасони № 3 Набиҷон Кенҷабоев, мудири қисми таълими мактаби варзишии кeдакон ва наврасони захираҳои олимпӣ Киромиддин Атаев ва мудири бахши кор бо ҷавонони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров Музаффарҷон Дадобоев оид ба масъалаҳои ҷойдошта дар самти ҷавонон ва варзиш фикру ақидаҳои хешро иброз доштанд.
Дар охир муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Қобилхeҷа Аҳмадхeҷаев ҳам сухан карда, фаъолияти бахшро хуб арзёбӣ кард. Дар баробари ин, зикр намуд, ки дар оянда аз ин дида бештар ва хубтар меҳнат кунанд, зеро ободию пешравии ҷомеа махсусан аз ҷавонон вобаста аст.