(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Маркази савдои «Файзи Расул» кушода шуд.Дар шаҳри Хуҷанд боз як маркази савдо ва хизматрасонӣ кушода шуд.
Бо назардошти талаботи сокинон ва меҳмонони маркази вилоят дар маҳаллаи «Навбаҳор»- шаҳри Хуҷанд маркази савдои ширкати «Файзи Расул» ба фаъолият оғоз намуд. Бахшида дар расми ифтитоҳи ин мағозаи нав Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. Пеш аз фаъолияти расмии мағозаи мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳозирони ин чорабинӣ мулоқот намуда, баён дошт,ки сиёсати имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис мегардад,ки соҳибкорони муваффақ ҳамрӯза дастгирӣ ёбанд ва рушд намоянд.
Маҳсулои ширкати мазкур қайҳо маҳбубияти худро дар кишвар ва берун аз он пайдо намудааст, имрӯз номгӯи маҳсулот ва сифати онро бештару беҳтар мекунад. Ҳамрӯза ба хоҳишмандон зиёда аз 20 намуди маҳсулоти гӯштӣ, 6 намуди маҳсулоти ширӣ ва дигар намуди маводи хӯрока, саноатӣ пешкаш карда мешавад.
Масоҳати маркази савдо 160 метри мураббаъро дар бар гирифта,баробари ба фаъолият оғоз намудани мағоза боз 10 нафар сокинони маҳалли мазкур ҷойи кории доимӣ пайдо намуданд.Ҳамчунин бинобар он,ки ширкати маҳсулоти худро дар ин марказ ба фурӯш мегузорад, нархи он 20% нисбат ба дигар мағозаҳо арзон пешкаши харидорон карда мешавад.
Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти ширкати номбурда ба Раиси шаҳри Хуҷанд маълумот дода шуд,ки шурӯъ аз оғози сол Ширкати «Файзи Расул» коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодиро низ ба роҳ монда, шириниҳои гуногунро манзури мизоҷон менамояд. Ҳоло дар сехи қаннодии ширкат боз 10 нафар соҳиби кор ва маоши арзанда гаштанд.