(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд шоҳроҳи нав сохта мешавад.

Барои зебо ва обод намудани шаҳр ба Наврӯзи дар пеш истода нақшаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ мешаванд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода қисмати дуюми рӯзи шанбе бо иштироки мудирони шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, Сарраёсати ободонӣ, идораҳои роҳсозӣ, шабакаи барқ, заминсозӣ, «Хуҷандобуканал» ва дигар сохторҳои марбута ситоди сайёрро дар яке аз шоҳроҳҳои маркази вилоят «Автомагистральная» гузаронид.
Дар асоси нақшаи таҷдид ва навсозии роҳҳои шаҳр, шоҳроҳи мазкур бояд дар соли 2015 дар баробари дигар кӯчаҳо шоҳроҳи «Автомагистральная» пурра азнавсозӣ карда хоҳад шуд.
Тибқи лоиҳа шоҳроҳи мазкур 24 метр паҳноӣ ва масофаи 1600 метрро дар бар хоҳад гирифт.
Дар баробари пурра азнавсозии сутунпояҳои равшанидиҳӣ бо фурузонакҳои каммасрафи диодӣ пешбинӣ шуда, шоҳроҳ мумфарш карда мешавад. Баъди таъмир бошад дар ҳар як самт имкон дорад ҳаракати 6 қатори нақлиётро таъмин намояд. Барои азнавсозӣ зиёда аз 4 миллион сомонӣ маблағ сарф гардида, барои паст намудани шиддатнокии ҳаракати нақлиётҳои шаҳр мусоидат хоҳад.
Шоҳроҳи мазкур бо назардошти ҳаҷми умсумии кор дар ду марҳила сурат мегирад. Марҳилаи аввал аз назди идораи маъмурии Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар гардишгоҳи бинои таълимии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуровро дар бар гирифта дар ин қисмати шоҳроҳ сутунпояҳои равшандиҳӣ насб карда мешаванд. Қисмати дуюм бошад то бинои маъмурии Муассисаи троллейбусҳои шаҳрро дар бар хоҳад гирифт.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулин дастур дод, ки бо истифода аз ҳавои мусоид корҳои тахту ҳамвор ва васеъ намудани кӯчаро оғоз намуда барои харидори намудани маводи зарурӣ барои ин корҳо чораҳои амалӣ андешанд.