(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилоят.Дар маркази вилоят тибқи нақшаи омоданамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маъракаи ниҳолшинонӣ бо вусъат идома дорад.
Яке аз мавзеҳое, ки бояд азнавсозӣ шуда тарҳи дигар гирад ин майдони шафати роҳи кӯпруки асосии шаҳр аст. Давоми ду ҳафтаи охир кормандони идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ ин мавзеро аз дарахту буттаҳои хушкида тоза намуда, барои шинондани ниҳолҳои нави ҳамешасабз омода намуданд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ба мавзеи номбурда омаданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода Раиси вилояти Суғдро бо нақшаи азнавсозии ин ҷо ошно намуда таъкид намуд, ки давоми як моҳ корҳои ниҳолшинонӣ, панҷарагирӣ ва сабзу обод гардони он ба анҷом расонда мешавад. Абдураҳмон Қодирӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода аввалин ниҳолҳои «Ардач»-ро шинонда барои ҳамеша сабзу обод нигоҳ доштани ин макон дастуру супоришҳо доданд.
Тибқи лоиҳаи мавҷуда ду тарафи роҳи кӯпруки марказии шаҳр 60 донагӣ ниҳоли 4-5 сола шинонда шуда, атрофи он бо панҷара гирифта мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд наздик 3 ҳазор дона ниҳолҳои ҳамешасабз шинонда шуда, то фасли баҳор бо иштирок ва кӯмаки тамоми сокинон, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо зиёда аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва мевадор шинонда хоҳад шуд.