(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи корӣ: Тадбирҳои мушаххас андешем Чунин буд хулосаи иштирокдорони ҷаласаи кории Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд, ки санаи 11-уми апрел таҳти сарварии Раиси Шӯро, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов доир гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа сароғоз сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Тирози ҷаҳон», узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исломҷон Бобоев ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Муҳайёхон Дадобоева ба аъзогии Шӯро қабул ва тасдиқ карда шуданд.

Аз рӯи масъалаи дуюм, тасдиқи Нақшаи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд барои соли 2013-ум Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов сухан кард ва пас аз муҳокимаву андешаронии аъзои Шӯро он тасдиқ гардид.

Раиси Шӯрои мутобиқгардонии фаъолияти Кумитаи маҳаллаҳои шаҳр Сайфуллохон Ҳабибуллоев оид ба вазъи маҳаллаву маҳалладорӣ зикр намуд, ки пас аз мулоқоти Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода бо раисони ҷамоату кумитаи маҳалла ва қитъаҳои баистифодадиҳии шаҳру навоҳии вилоят дар қасри Арбоб, кор дар самти маҳалладорӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати хуб ба роҳ мондани фаъолияти роҳбарони ҷамоату маҳаллаҳо ҷоннок гаштааст.

Ҷаласаи корӣ: Тадбирҳои мушаххас андешем Бахусус, дар шаҳри Хуҷанд бо ин ҳадаф хар сол чораҳои мушаххас андешида мешаванд ва гузаронидани озмуни «Маҳалли беҳтарин» яке аз онҳост. Дар соли 2011-ум маҳаллаи «Раззоқ» ва дар соли 2012-ум маҳаллаи «Чашмаи арзана» ғолибони озмун дониста шуданд.

Дар муҳокимаи маърӯза аъзои Шӯро, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ Н.Маликисломов, Ф.Файзиев, М.Маҳмудов, М.Юсуфов ва дигарон иштирок намуда, андешаҳои хешро ҷиҳати ҷоннок намудани кор бо сокинони маҳаллаву қитъаҳои баистифодадиҳии шаҳр баён карданд. Таваҷҷӯҳи бештар ба масъалаи муҳим, даъвати баҳоронаи ҷавонон ба хидмати ҳақиқии ҳарбӣ зоҳир гардид. Қайд шуд, ки дар ин самт корҳоиҶаласаи корӣ: Тадбирҳои мушаххас андешем фаҳмонидадиҳиро беҳтару бештар бояд ба роҳ монд, то шаҳрвандон, минҷумла, падару модарон аз шароити хидмат дар қисмҳои низомӣ нигарон набошанд. Зеро, бо ғамхориву дастгирии ҳамаҷонибаи Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит барои хидмати сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ муҳайё аст.

Ҳамин тавр, бо қабули қарорҳои дахлдор аз рӯи масоили баррасишуда кори ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд ба итмом расид.