(3 овоз, миёна 4.00 аз 5)

alt

Бо эҳтиром ва самимияти том Шумо - кормандони шабакаҳои барқтаъминкунӣ, собиқадорони соҳаи энергетика ва кулли алоқамандони соҳаро бо иди касбӣ - Рӯзи энергетикҳо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику шодбошиҳо мегӯям. Ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, нерӯи воқеии созанда, саодати зиндагӣ ва дар адои вазифаи пурмасъулиятатон баҳри таъмини эҳтиёҷоти мардум ва ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ муваффақиятҳо таманно мекунам.
Энергетика заруртарин омили рушди истеҳсолот ва муҳимтарин воситаи суботи иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад, ки бидуни он пешрафти ягон соҳаи хоҷагии халқ, беҳдошти ҳаёти иҷтимоӣ ва рӯзгори ободу осудаи мардумро тасаввур кардан амри маҳол аст. Аз ин хотир масъулияти кормандони ин соҳаи воқеан ҳаётофар дар мавриди таъмини зиндагии хушу гуворои халқ, рӯшании ҳар хонадон, ободию чароғонкунии кӯчаю маҳалла ва шаҳру диёр бағоят бузург аст. Мо заҳматҳои зиёд ва ташвишу тараддудҳои ҳамарӯзаи энергетикҳо ва ҷомеаҳои меҳнатии барқрасонро хуб дарк мекунем. Ба хоса бо фарорасии фасли сармо ин ташвишҳо чандинкарата меафзояд. Баробари ин ҳисси масъулиятшиносии ҳар як корманди соҳаро дар иҷрои сидқидилонаи вазифа хуб эҳсос менамоем. Маҳз ҳамин ҳисси масъулият аст, ки новобаста аз мушкилоти мавҷуда кормандони шабакаҳои барқрасон шабу рӯз баҳри беҳтар таъмин намудани эҳтиёҷоти мардум ва хоҷагии халқ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.
Имрӯзҳо бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ҷомеаҳои меҳнатӣ ва кулли мардуми шарифи тоҷик, аз ҷумла сокинони меҳнатқарини Хуҷанд барои бунёди иншоотҳои хурду калон ҳиссагузорӣ мекунанд.
Он рӯз дур нест, ки ниёзмандии мо ба нерӯи барқи беруна комилан аз байн меравад ва хонаи тоҷик бо барқи тоҷик рӯшан мешавад.
Бо ҳамин ниятҳои нек кулли кормандони соҳаи энергетикаро бори дигар бо иди касбиашон муборакбод мегӯям ва барояшон барори кору рӯзгори обод орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак!